Шавҳари нави Сурайё: Пӯлод Шаропови 45-сола кист?

Ба “Азия-Плюс” муяссар шуд, шахсияти шавҳари нави ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимоваро, ки порае аз видеои тӯйи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳагомаҳо ба вуҷуд овардааст, муайян кунад. Шавҳари нави Сурайё дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки Пӯлод Шаропов ному насаб дорад, сокини шаҳри Душанбе, варзишкор ва ба соҳибкорӣ машғул аст. Пӯлод Шаропов гуфт, ки синну […]

Ба “Азия-Плюс” муяссар шуд, шахсияти шавҳари нави ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Сурайё Қосимоваро, ки порае аз видеои тӯйи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳагомаҳо ба вуҷуд овардааст, муайян кунад.

Шавҳари нави Сурайё дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ки Пӯлод Шаропов ному насаб дорад, сокини шаҳри Душанбе, варзишкор ва ба соҳибкорӣ машғул аст. Пӯлод Шаропов гуфт, ки синну солаш на 32 тавре дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, балки 45-сола аст.

Шавҳари нави Сурайё мегӯяд, ки издивоҷи ӯ бо ҳунарманди шинохта на як ҳангома ё ҳавохоҳӣ, балки бар асари ишқи пок ва алоқае шадиде, ки ба ҳунарманд дошт, сурат мегирад. Ӯ гуфт "ҳамаи онҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин кори шахсии маро ба баҳс кашидаанд, бигзор мисли ман хушбахт бошанд".

Пӯлод Шаропов мегӯяд, ки издивоҷаш бо Сурайё Қосимова издивоҷи дуюм аст ва аз ҳамсари нахустинаш се фарзанд дорад. Пӯлод Шаропов ба суоли ин ки ҳоло ба бону Сурайё дар Душанбе умр ба сар мебарад ё Кӯлоб посух надод ва гуфт, ки бигзор ин махфӣ бошад.  Ҳамчунин ӯ гуфт, ки замон ва макони тӯйяш ҳам махфӣ аст ва намехоҳад дар ин бора бо расонаҳо суҳбат кунад.

Рӯзи 24-уми сентябр пораи видеоии аз тӯйи Сурайё Қосимова вориди шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо шуд, ки дар шарҳи он гуфта мешуд, шавҳари нави Сурайё як ҷавони 32-сола аст.

Сурайё Қосимова Ҳунарманди халқии Тоҷикистон аст, ки 22 апрели имсол ба синни 63-солагӣ расид. Ӯ соли 1957 дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Ин ҳунарманд қабл аз ин издивоҷи пурсару садояш ду бори дигар низ издивоҷ кардааст, ки ҳосили издивоҷи аввал духтари ҳунармандаш Шабнами Сурайё, яке дигар аз овозхонҳои маъруфи Тоҷикистон мебошад.

Аз издивоҷи дувумаш бо Хуршед Рабиев, сарҳанги пулис се фарзанд дорад, ки яке аз онҳо Фарзонаи Хуршед ҳам овозхон аст. Ин бону соли 1970 мактаби миёнаро хатм намуда, то ҳол дар Театри драмаи мусиқии шаҳри Кӯлоб ба номи Сайдалӣ Вализода кору фаъолият мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.