Дар Спитамен мактаби сохтаи Ӯзбекистонро ба баҳрабардорӣ месупоранд

Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода ва вазири маорифи халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як мнбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар дод. Мактаб барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, аз ҳисоби […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд вазири маориф ва илми Тоҷикистон Маҳмадюсуф Имомзода ва вазири маорифи халқи Ӯзбекистон Шерзод Шерматов иштирок мекунанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як мнбаъ аз дастгоҳи раиси вилояти Суғд хабар дод.

Мактаб барои таҳсили 640 нафар хонандагон пешбинӣ гардида, аз ҳисоби буҷети давлатии кишвари ҳасмоя сохта ва муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Созишнома дар бораи сохтмони ин иншоот зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон моҳи марти соли 2018 ба имзо расида буд.

Баргузории маросими тантанавии ифтитоҳи мактаби мазкур рӯзи 27 сентябр ба нақша гирифта шудааст.

Ба ҷуз мактаб дар ноҳияи Спитамен, сохтмони беморхона барои қабули 200 нафар дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон низ аз ҷониби Ӯзбекистон ҷараён дорад.

Тоҷикистон низ дар навбати худ доир ба сохтмони мактаб дар шаҳри Самарқанд барои 640 ҷойи нишаст изҳори назар карда буд. Ҳамчунин Тоҷикистон ният дорад, ки дар ноҳияи Риштони вилояти Фарғона як муассисаи томактабӣ созад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.