Лату кӯби кормандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав барои дағалӣ

Date:

Ду корманди бахши қабули шаҳрвандони сафорати Тоҷикистон дар Маскав мавриди лату кӯб қарор гирифтанд. Дар ин бора торнамои РЕН ТВ хабар медиҳад. Ба навиштаи торнамо, ҳодиса дар ҳудуди ин намояндагии дипломатӣ рух додааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав то кунун ин ҳодисаро расман шарҳ надодааст, аммо дар як тамоси кӯтоҳи телефонӣ масъулони сафорат ин хабарро на таъйид карданд ва на рад.

Вале як манбаъи наздик ба доираҳои Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ба “Asia-Plus”  гуфт, ки ин ду кормандро барои муносибати дағалона лату кӯб кардаанд. Ба гуфтаи ин манбаъ шахсони гумонбар дар ин кор зодагони Вилояти мухтори куҳистони Бадахшони Тоҷикистон будаанд, ки далели ин корро дар вақти пурсиши мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муносибати ғайриҳирфавии  масъулони қабули шаҳрвандони сафорат гуфтаанд.

Онҳо гуфтаанд, ки пештар барои номнавис шудан дар рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба кишвар бармегарданд муроҷиат кардаанд, ки аз чор нафар се нафарашон билет дарёфт кардаанду як нафарашон не.

МАТЕРИАЛЫ ПО ТЕМЕ
Шикояти муҳоҷирон дар Русия аз фурӯши маҷбурии маълумотнома дар бораи Covid-19 аз ҷониби сафорат

РЕН ТВ аз қавли як манбааш хабар медиҳад,  ки вақте кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ  ба ҷойи ҳодиса омадаанд, як нафари ба унвони гумонбар, шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.

Ин торнамо навиштааст, ки дар натиҷаи ҳамла бинӣ ва ангушти дасти рости яке аз ҷабрдидагон шикастааст, ки ӯро ба бемористон бурдаанд.

Ба гуфтаи манбаъи “Азия-Плюс” аз рӯйи ин ҳодиса шуъбаи  пулиси  Пресненскии Маскав парванда боз кардаву гумонбаронро пурсуҷӯ кардааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...