Задухӯрди шадид миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Дар минтақаи баҳсии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷонибҳо дар сар задани муноқишаи субҳи 27-уми сентябр ҳамдигарро гунаҳкор карданд. Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон гуфтааст, ки Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ, ба маҳалҳои аксаран арманнишин ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст. Мақомоти Озарбойҷон гуфтаанд, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар минтақаи баҳсии вилояти Қарабоғи Кӯҳӣ миёни нерӯҳои Арманистон ва Озарбойҷон задухӯрди шадид ба вуқӯъ пайваст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ҷонибҳо дар сар задани муноқишаи субҳи 27-уми сентябр ҳамдигарро гунаҳкор карданд.

Никол Пашиниян, сарвазири Арманистон гуфтааст, ки Озарбойҷон ба Қарабоғи Кӯҳӣ, ба маҳалҳои аксаран арманнишин ҳамлаи ҳавоӣ анҷом додааст.

Мақомоти Озарбойҷон гуфтаанд, ки дар посух ба тирандозии нерӯҳои арманӣ дар "Хати тамос" амалиётро оғоз кардаанд.

Ҳарду ҷониб аз ҳалокати шаҳрвандонашон хабар медиҳанд.

Вазорати дифои Арманистон гуфт, ки сарбозонаш субҳи 27-уми сентябр ду чархболи низомии Озарбойҷон ва се ҳавопаймои бесарнишинро дар посух ба ҳамла ба маҳалҳои аҳолинишин сарнагун кардаанд.

Дар изҳороти Вазорати мудофиаи Арманистон гуфта мешавад, ки “посухи онҳо ба чунин ҳамлаҳо ҳамвазн хоҳад буд ва масъулият ба дӯши низомиёни Озарбойҷон аст”.

Вазорати дифои Озарбойҷон гуфт, ки нерӯҳояш “чораҳои ҷавобӣ меандешанд ва вазъи амалиётро пурра зери назорат доранд”.

Ба гуфтаи сухангӯи Вазорати дифои Арманистон, дар ин ҳамла як зану кӯдаки арманӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ фавтидааст.

Ҳикмат Ҳоҷиев, сухангӯи президенти Озарбойҷон гуфтааст, ки “кушташудаҳо ва захмиён дар миёни шаҳрвандон ва ҳарбиён вуҷуд дорад”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.