Охири моҳи сентябр ҳаво сард шуда, боришот дар назар аст

Рӯзҳои 28-30 сентябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ эҳтимолияти якуякбора ноустуворшавии вазъи ҳаво дар назар аст. Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 29-30 сентябр боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ борони бошиддат меборад. Гуфта мешавад, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бо истисно аз ВМКБ […]

Рӯзҳои 28-30 сентябри соли ҷорӣ дар ҷумҳурӣ эҳтимолияти якуякбора ноустуворшавии вазъи ҳаво дар назар аст.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ, рӯзҳои 29-30 сентябр боронҳои кӯтоҳмуддат пешбинӣ гардида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии ноҳияҳои тобеи марказ борони бошиддат меборад.

Гуфта мешавад, ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 6-8 дараҷа паст шуда, дар ноҳияҳои алоҳида бо истисно аз ВМКБ шамол аз самти ғарб бо шиддатнокии то 12-17м/с мевазад ва дар ноҳияҳои ҷанубии кишвар чангу ғубор ба амал меояд.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ дархост кардааст, ки зимни баргузории корҳо дар саҳро ва манотиқи кӯҳистон эҳтиёткор буда, аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор худдорӣ варзанд. Ба беморони дилу раг ва фишори хунашон баланд тавсия дода мешавад, ки ба вазъи солимиашон таваҷҷуҳи хосса зоҳир кунанд.

Кумита ба ронандагон ва дӯстдорони кӯҳнавардӣ хотиррасон менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар мавзеи кӯҳистон қоидаҳои бехатарӣ ва масофаи муқарраршудаи ҳаракатро риоя кунанд, зеро эҳтимоли сангфароӣ вуҷуд дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.