То расидани “Ёрии таъҷилии тиббӣ” дар ҳолатҳои нохуш дақиқаҳои қиматбаҳо аз даст мераванд.
Аз ин рӯ, ҳама бояд дорои малакаҳои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ бошанд, ҳадди ақал барои кумак ба худ. Ихтиёриён аз Ҷамъияти Салиби Сурхи Тоҷикистон чанде аз тарзу услуҳои расонидани кумаки аввалияро нишон медиҳанд.
Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон наздики 10% аз ҳамаи ҳолатҳои марг ба ҷароҳатҳои бардошта дар садамаи нақлиёт, захму осор аз сӯхтор, ҳодисаҳои афтидан ё ғарқшавӣ рост тмеояд.
Ба навори видео таваҷҷуҳ фармоед, то бифаҳмед, ки дар чунин ҳолатҳо чӣ гуна ба худ ва дигарон аввалин кумакро расонида метавонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.