Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум дар интихоботи президентӣ ғолиб омад

Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, сарвари давлати амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маъркаи интихоботи президентӣ ғолиб омад. “Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 90,92% ё худ 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар раъйдиҳандагон овоз доданд”, – хабар дод раиси КМИР Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода. Натиҷаҳои ниҳоиро Комиссия бояд дар муддати 10 рӯз аз замони […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тибқи маълумоти пешакии Комиссияи марказии интихобот ва раъйдиҳӣ (КМИР)-и Тоҷикистон, сарвари давлати амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар маъркаи интихоботи президентӣ ғолиб омад.

“Ба ҷонибдории Эмомалӣ Раҳмон 90,92% ё худ 3 миллиону 837 ҳазору 927 нафар раъйдиҳандагон овоз доданд”, – хабар дод раиси КМИР Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода. Натиҷаҳои ниҳоиро Комиссия бояд дар муддати 10 рӯз аз замони интихобот эълон кунад.

Ба ин тариқ, президенти кунунӣ, ки аз соли 1992 сарвари давлати Тоҷикистон аст, бори панҷум пайдарпай президенти мамлакат интихоб шуд.

Номзади Ҳизби аграрӣ Рустам Латифзода 3,03%, ё худ 127 ҳазору 746 нафар, Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Рустам Раҳматзода – 2,15% ё худ 90 ҳазору 587 нафар, Ҳизби сотсиалист Абдуҳалим Ғаффорзода – 1,49% ё худ 62 ҳазору 853 нафар ва Ҳизби коммунистӣ Мироҷ Абдуллоев –1,17 % ё худ 49 ҳазору 212 нафар овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварданд.

Бино ба маълумоти пешакӣ, дар маъракаи интихоботи президентӣ 4,2 млн нафар шаҳрвандони кишвар иштирок карда, ҳузури интихобкунандагон 85,3%-ро ташкил дод.

Ҷараёни интихоботро нозирон аз ИДМ, СҲШ, СААД, САҲА, Думаи давлатӣ ва Шӯрои Федератсияи Русия пайгирӣ карданд. Дар рафти интихобот қонуншиканиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, то охири моҳи октябр ҳукумати Тоҷикистон бо ҳайати пурра истеъфо медиҳад. Мувофиқи меъёрҳои амалкунандаи қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи ҳукумат”, ҳукумати айни замон амалкунандаи ҷумҳурӣ назди президенти тозаинтихоб ваколатҳои худро месупорад.

Баъди маросими расман сари мансаб омадани президенти тозаинтихоби кишвар, ки то охири ҳамин моҳ доир мегардад, ҳукумат ба истеъфо меравад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ҳукумати Тоҷикистон аз сарвазир, муовини аввал ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони Кумитаҳои давлатӣ иборат аст.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон президент ҳамзамон раиси ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.