Нашри «Дафтари ишқ»-и Камоли Хуҷандӣ ва шеърҳои ӯ бо забони олмонӣ

Шеърҳои Шайх Камоли Хуҷандӣ бори аввал бо забони олмонӣ аз ҷониби мутарҷим Александер Ҳайзер тарҷума шудаанд. Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти, Суғд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби навбатӣ бо унвони «Дафтари ишқ» аз чоп баромад. Дар китоб бори аввал тарҷумаи 50 шеъри шоир ба забони олмонӣ манзур гардидааст, […]

Шеърҳои Шайх Камоли Хуҷандӣ бори аввал бо забони олмонӣ аз ҷониби мутарҷим Александер Ҳайзер тарҷума шудаанд.

Бино ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти, Суғд дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби навбатӣ бо унвони «Дафтари ишқ» аз чоп баромад. Дар китоб бори аввал тарҷумаи 50 шеъри шоир ба забони олмонӣ манзур гардидааст, ки идомаи мантиқии китоби «Ишқи минӯӣ» мебошад.

Гуфта мешавад, ки мутарҷими нозуктабъ Александр Ҳайзер кӯшиш кардааст, ки ашъори шоирро ҳаддалимкон ба матни асл наздиктар тарҷума намуда, дар ғазалҳо қолаби бадеии аввалияро ҳифз намояд.

“Азбаски баргардони низоми арӯзии ғазалиёти Камол ба забони олмонӣ амалан имконпазир нест, ӯ саъй намудааст, то маонии матлубро дар қолабҳо ва авзони дигари шеърӣ ҷой диҳад ва бад-ин васила хонандаи олмонизабонро бо яке аз бузургтарин шоирони Шарқ ошно намояд”, – омадааст дар хабар.

Китоб ба ғайр аз худи тарҷумаҳо, шомили пешсухани директори Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ Олимӣ Рауф Латифзода ва директори Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Баҳром Раҳматов ва муқаддимаҳои профессор Матлубаи Мирзоюнус ва худи мутарҷим Александр Ҳайзер буда, аз ғазалҳо ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба хати форсӣ иборат аст.

Китоби мазкур аз тарафи кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва бо ҳамкории Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ таҳия гардида, тариқи нашриёти «Ношир» ба нашр расид. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.