Шумори шифоёфтагон аз COVID-19 ба зиёда аз 9 ҳазор нафар расид

Ба ҳолати то субҳи 12 октябр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 10 ҳазору 222 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 85 кас афзуд. Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 79 нафар боқӣ монд. Шумори шифоёфтагон […]

Asia-Plus

Ба ҳолати то субҳи 12 октябр шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон 10 ҳазору 222 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ, давоми рӯзҳои истироҳати гузашта шумори сироятёфтагон 85 кас афзуд.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 79 нафар боқӣ монд.

Шумори шифоёфтагон дар рӯзҳои истироҳат қариб 100 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 9 ҳазору 58 нафар ё худ 88,6%-ро ташкил медиҳад.

Тибқи маълумоти Донишгоҳи Хопкинс, шумори умумии сироятёфтагон аз COVID-19 дар саросари ҷаҳон зиёда аз 37,3 млн нафарро ташкил дода, аз ин беморӣ 1 млн 75 ҳазору 779 кас фавтиданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.