Рашид Раҳимов сармураббии дастаи “Уфа” таъин шуд

Футболбози шуҳратёри тоҷик, айни замон мураббӣ Рашид Раҳимов сармурабии дастаи “Уфа”-и шаҳри Уфаи Русия таъин шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти тими “Уфа”, субҳи рӯзи якшанбе ӯ ба ҳайати ин даста муаррифӣ шуд. Дастаи “Уфа” дар мусобиқаи Премйер-лига (Лигаи олӣ)-и футболи Русия иштирок дошта, қаблан вазифаи сармураббигии онро Вадим Евсеев ба уҳда дошт, лекин рӯзи […]

Футболбози шуҳратёри тоҷик, айни замон мураббӣ Рашид Раҳимов сармурабии дастаи “Уфа”-и шаҳри Уфаи Русия таъин шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти тими “Уфа”, субҳи рӯзи якшанбе ӯ ба ҳайати ин даста муаррифӣ шуд.

Дастаи “Уфа” дар мусобиқаи Премйер-лига (Лигаи олӣ)-и футболи Русия иштирок дошта, қаблан вазифаи сармураббигии онро Вадим Евсеев ба уҳда дошт, лекин рӯзи 7 октябр аз вазифааш истеъфо дод.

Рашид Раҳимов футболбози шӯравӣ ва русиягӣ, ҳамчунин мураббӣ 18 марти соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Нахуст ӯ дар дастаи «Захираҳои меҳнатӣ»-и Душанбе бозӣ кардаааст. Вай солҳои 1980 – 1991 ҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе буд. Сипас дар бошгоҳҳои футболи «Спартак»-и Маскав (1992, 1994), «Валядолид»-и Испания (1992 – 93), «Локомотив»-и Маскав (1993 – 1994), «Аустрия»-и Австрия (1995 – 1999), «Адмира-Ваккер»-и Австрия (2000 – 2001) ва СВ «Кели Рид»-и Австрия (2001) ҳунарнамоӣ кардааст.

Рашид Раҳимои 57-сола, дар гузашта капитани тими овозадори “Помир”-и Душанбе, пас аз анҷоми бозиҳо дар Тоҷикистону Русия, Испания ва Австрия ба кори мураббигӣ гузашт. Соли 2016 ӯ ба унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Чеченистон» қадрдонӣ шуд.

Ба ҳайси сармураббӣ ӯ дар тимҳои “Локомотив” (солҳои 2008-2009)-и Маскав, “Адмира”-и Австрия, “Амкар”-и Перм ва “Терек” (баъдан “Аҳмад”)-и Грозний фаъолият кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.