Рашид Раҳимов – Корманди шоистаи варзиши Чеченистон

Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба сармураббии дастаи футболи «Терек»-и Грозний унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Чеченистон»-ро тақдим намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи футболи «Терек», ба муносибати анҷоми мавсими футболи солҳои 2015-20160и Лигаи олии Русия Рамзан Қодиров ҳайати дастаро ба хӯроки шомгоҳӣ даъват карда, ба онҳо изҳори миннатдорӣ ва истироҳати хушу […]

ASIA-Plus



Роҳбари Чеченистон Рамзан Қодиров ба сармураббии дастаи футболи «Терек»-и Грозний унвони «Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Чеченистон»-ро тақдим намуд.

Бино ба

иттилои

сомонаи расмии дастаи футболи «Терек», ба муносибати анҷоми мавсими футболи солҳои 2015-20160и Лигаи олии Русия Рамзан Қодиров ҳайати дастаро ба хӯроки шомгоҳӣ даъват карда, ба онҳо изҳори миннатдорӣ ва истироҳати хушу омодагии хуб ба мавсими ояндаро таманно кардааст.

Гуфта мешавад, сипас роҳбари Чеченистон ба ҳайати футболбозону мураббиёни даста мукофотҳои давлатӣ супурдааст.

Рашид Раҳимов футболбози шӯравӣ ва русиягӣ, ҳамчунин мураббӣ 18 марти соли 1965 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст.

Нахуст ӯ дар дастаи «Захираҳои меҳнатӣ»-и Душанбе бозӣ кардаааст. Вай солҳои 1980 – 1991 ҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе буд. Сипас дар бошгоҳҳои футболи «Спартак»-и Маскав (1992, 1994), «Валядолид»-и Испания (1992 – 93), «Локомотив»-и Маскав (1993 – 1994), «Аустрия»-и Австрия (1995 – 1999), «Адмира-Ваккер»-и Австрия (2000 – 2001) ва СВ «Кели Рид»-и Австрия (2001) ҳунарнамоӣ кардааст.

Рашид Раҳимов инчунин қаҳрамони дукаратаи футболи Русия (1992, 1994), барандаи Ҷоми Русия (1992) мебошад. Ду бозии расмӣ дар ҳайъати мунтахаби Тоҷикистон ва чаҳор бозии дӯстона дар ҳайъати мунтахаби Русия низ дорад.

Пас аз анҷоми бозӣ Рашид Раҳимов мураббии футбол шуд. Давоми солҳои 2006-2007 дар «Амкар»-и Перм, солҳои 2007-2009 дар «Локомотив»-и Маскав ва солҳои 2009-2011 боз дар дастаи Амкар ба ҳайси сармураббӣ фаъолият дошт. Соли 2013 сармураббии дастаи «Терек»-и Грозний таъин шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.