Ирсоли аввалин комбайнҳои ғалладарави «Ростселмаш» ба Тоҷикистон

Ширкати “Ростселмаш”-и Русия баъди ғолибият дар тендери давлатӣ аввалин комбайнҳои ғалладаравро ба Тоҷикистон ирсол кард. Бино ба иттилои хабаргузории TojNews бо истинод ба дафтари матбуоти ширкат, Тоҷикистон комбайнҳои ширкатро имсол бо пуштибонии “Тоҷикагролизинг” ба даст овардааст. Гуфта мешавад, шартномаи харидуфурӯши давлатии комбайнҳо моҳи апрел сурат гирифта, ин комбайнҳо аз навъҳое мебошанд, ки дар ин кишвар […]

TojNews



Ширкати “Ростселмаш”-и Русия баъди ғолибият дар тендери давлатӣ аввалин комбайнҳои ғалладаравро ба Тоҷикистон ирсол кард.

Бино ба иттилои хабаргузории

TojNews

бо истинод ба дафтари матбуоти ширкат,

Тоҷикистон комбайнҳои ширкатро имсол бо пуштибонии “Тоҷикагролизинг” ба даст овардааст.

Гуфта мешавад, шартномаи харидуфурӯши давлатии комбайнҳо моҳи апрел сурат гирифта, ин комбайнҳо аз навъҳое мебошанд, ки дар ин кишвар маъруфият доранд.

«Ҳар комбайн тибқи муоҳада хизматрасонии кафолатии дусола дорад. Ҳоло онҳо таҷриба мешаванд, то дар аввалин рӯзҳои оғози дарави ғалла, ки маъмулан дар Тоҷикистон аз моҳи июн шуруъ мешавад, фаъолона ширкат кунанд»,- гуфтааст директор оид ба маркетинги Ростелмаш Прохор Дармов.

Ҳамчунин мешавад, ки ширкат на танҳо бо давлат, балки мустақим бо хоҷагиҳои ҷудогона низ муоҳадаҳои харидуфурӯши техникаи кишоварзӣ дошта, имсол аллакай бо шартномаҳои мустақим ширкат чанд адад техникаи ҳосилғундор ба Тоҷикистон ирсол кардааст.

Зимнан зикр мегардад, ки кишоварзони Тоҷикистонро бештар сифати мошинҳо ва арзиши онҳо ҷалб мекунад. Ҳамчунин овардани техникаи ҳосилғундор аз Русия назар ба кишварҳои мутараққии Аврупо ба маротиб осотар ва камхарҷтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “насли ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гутфугӯ паҳн шуд, ба суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.