Ҷалби 1 млрд. $ дар се сол ба бахши истифодаи қаъри замин

Зимни иҷлосияи сеюми муколамаи Платформаи минтақавии давлати ва хусусӣ дар мавзӯи «Заминаи қонунгузорӣ дар бахши истифодаи қаъри замин» дар Душанбе муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Нигина Анварӣ изҳор дошт, ки давоми се соли наздик дар Тоҷикистон сохтмон ва мавриди истифода қарор додани як қатор корхонаҳо дар соҳаи истифодаи боигариҳои зеризаминӣ […]



Зимни иҷлосияи сеюми муколамаи Платформаи минтақавии давлати ва хусусӣ дар мавзӯи «Заминаи қонунгузорӣ дар бахши истифодаи қаъри замин» дар Душанбе муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Нигина Анварӣ изҳор дошт, ки давоми се соли наздик дар Тоҷикистон сохтмон ва мавриди истифода қарор додани як қатор корхонаҳо дар соҳаи истифодаи боигариҳои зеризаминӣ ба нақша гирифта шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, давоми солҳои 2016-2018 бунёди 2 корхонаи коркарди нафт (бо иқтидори ҳудуди 2 млн. тонна), 3 корхонаи истеҳсоли семент (бо иқтидори беш аз 3 млн. тонна), 3 корхонаи саноати кимиё, корхонаҳои коркарди металлҳои ранга (бо иқтидори 1,4 ҳазор тонна тилло), корхонаи бузурги металлургӣ (бо иқтидори 50 ҳазор тонна руҳ ва 50 ҳазор тонна сурб) ва боз 1 корхонаи металлургӣ (бо иқтидори 400 ҳазор тонна) дар назар аст.

«Бо муваффақона амалӣ сохтани ин лоиҳаҳо беш аз 4 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуда, зиёда аз 1 млрд. доллари ИМА сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ҷалб карда мешаванд», – гуфт Анварӣ.

Ӯ қайд кард, ки тайи 9 соли ахир ба соҳаи истифодаи маъданҳои қаъри замини Тоҷикистон беш аз 765 млн. доллари ИМА сармоягузории мустақими хориҷӣ ҷалб карда шудааст.

Нигина Анварӣ таъкид дошт, ки бо мақсади коркарди конҳо, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли семент, рушди бахши металлургия ва ғайра ҳукумати Тоҷикистон бо сармоягузорони бузург 6 созишнома ба имзо расонидааст.

«Амалисозии сиёсати аз ҷониби ҳукумат роҳандозишуда дар саноати истихроҷ ва коркард нишон дод, ки вобастагии иқтисоди кишварро аз воридоти ангишт, семент ва дигар навъҳои масолеҳи сохтмон метавон раҳо кард ва барои содироти онҳо замина муҳайё намуд», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “насли ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гутфугӯ паҳн шуд, ба суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.