БРСММ: Корхонаҳои давлатии Тоҷикистон фаъолияти корхонаҳои хурду миёнаро маҳдуд мекунанд

Дар таҳқиқоти Барномаи рушди СММ (БРСММ) қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳолати мунтазам маҳдуд сохтани доираи фаъолияти корхонаҳои хурду миёна аз ҷониби корхонаҳои бузурги давлатӣ боқӣ мемонад. Гуфта мешавад, тамоили мазкур роҳ ёфтани ширкатҳои начандон бузурги хусусиро ба бозор боздошта, ба фароҳам овардани шароити баробар аз лиҳози рақобатпазирӣ ва дастрасӣ ба захираҳо монеъа эҷод месозад. […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар таҳқиқоти Барномаи рушди СММ (БРСММ) қайд мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳолати мунтазам маҳдуд сохтани доираи фаъолияти корхонаҳои хурду миёна аз ҷониби корхонаҳои бузурги давлатӣ боқӣ мемонад.

Гуфта мешавад, тамоили мазкур роҳ ёфтани ширкатҳои начандон бузурги хусусиро ба бозор боздошта, ба фароҳам овардани шароити баробар аз лиҳози рақобатпазирӣ ва дастрасӣ ба захираҳо монеъа эҷод месозад.

Муаллифони таҳқиқот таъкид мекунанд, ки ҳукумат тавассути корхонаҳои давлатӣ ба назорат аз болои бахшҳои муҳими стратегӣ, аз қабили шабакаҳои барқу гармидиҳӣ, фулузоти сиёҳу ранга, саноати истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, саноати хӯрокворӣ, сохтмон, нақлиёт, телекоммуникатсия, авиатсия ва ғайра идома медиҳад.

Дар гузориш зикр мегардад, ки соли 2019 дар қаламрави кишвар зиёда аз 1,1 ҳазор корхонаҳои давлатӣ амал мекарданд, ки 24 адади онҳо корхонаҳои бузург буда, ҳаҷми дороиҳояшон тақрибан 42% нисбат ба ММД-ро ташкил медод.

“Ба сурати умум, – таъкид мешавад дар таҳқиқот. – Ҳудуди 30% аз ҳаҷми у умумӣ ба корхонаҳои давлатӣ рост омада, аз ҳисоби маблағҳои андозсупорандагон дастгирии назаррас гирифтани онҳо аз ҷониби давлат идома дорад”.

Таҳлилгарони БРСММ қайд мекунанд, ки бар асари вазнинии андоз ва танзими давлатӣ, аксари соҳибкорон дар ҷумҳурӣ намехоҳанд, ки ба сифати шахси ҳуқуқӣ худро ба қайд гузоранд.

“Ин омили боздоранда ҳамчунин соҳибкорони маҳаллиро ба шуғли ғайрирасмӣ водор месозад”, – таъкид мекунанд онҳо.

Дар таҳқиқот ҳамчунин зикр мешавад, ки аксари корхонаҳои хурду миёна дар шароити пандемияи коронавирус ва ҷорисозии тадбирҳои худгӯшагирӣ, коҳиши талабот, ноҷӯриҳо дар таъминот ва дигар мушкилиҳо,  ба анҷоми амалиёти бузургмиқёс имкон надоранд.

“Ба таври назаррас маҳдуд шудани интиқоли маблағ боз шумори зиёдтари корхонаҳои хурду миёнаро ба шуғл дар иқтисоди ғайрирасмӣ ё қатъи пурраи фаъолият водор карда метавонад”, – илова мекунанд муаллифони гузориш.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.