Донишҷӯёни ӯзбек: “Мо аз дигарон чӣ камӣ дорем?”

Ӯзбекистон бо чанде аз маҳдудиятҳо сарҳадашро аз 1 октябр боз намуда, сарҳадҳои Тоҷикистон ҳоло бастаанд. Дар ҳамин ҳол, ду моҳ инҷониб соли хониш ҷараён дошта донишҷӯён аз Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ба Тоҷикистон омада наметавонанд. Муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба онҳо таҳсили фосилавӣ ҳам пешниҳод накардаанд. Дар Тоҷикистон соли хониш аз 17 август оғоз […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ӯзбекистон бо чанде аз маҳдудиятҳо сарҳадашро аз 1 октябр боз намуда, сарҳадҳои Тоҷикистон ҳоло бастаанд. Дар ҳамин ҳол, ду моҳ инҷониб соли хониш ҷараён дошта донишҷӯён аз Ӯзбекистон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, ба Тоҷикистон омада наметавонанд. Муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ба онҳо таҳсили фосилавӣ ҳам пешниҳод накардаанд.

Дар Тоҷикистон соли хониш аз 17 август оғоз гардида, лекин донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ бар асари баста будани сарҳадҳо ва қатъи алоқаи ҳавоӣ ба кишвари мо сафар карда наметавонанд. Ба саволҳои худ дар бораи минбаъд чӣ гуна идома додани таҳсил, онҳо аз раҳбарияти муассисаҳои таълимӣ посухҳои нофаҳмо ва нопурра мегиранд.

Ба донишҷӯёни афғону ҳиндустонӣ иҷоза доданд

Охири моҳи феврал маълум шуд, ки Тоҷикистон марзҳояшро барои донишҷӯён ва дигар муҳассилини Афғонистон, ки дар Тоҷикистон таҳсил мекунанд, боз мекунад.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон зимни як тавофуқ барои вуруди донишҷӯён ва дигар муҳассилини Афғонистон сар аз 24-уми сентябр иҷоза медиҳад. Бар асоси тавофуқи ҳосилшуда, муҳассилини Афғонистон бо риояи тамоми талаботи беҳдоштӣ ва қоидаҳои пешгирӣ аз коронавирус вориди Тоҷикистон мешаванд.

Ҳамчунин тариқи парвозҳои чартерӣ рӯзи 12 октябр як гурӯҳ донишҷӯёни Ҳиндустон, ки дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон (ДДТТ) таҳсил мекунанд, ба Душанбе баргаштанд.

Ҳамагӣ 350 нафар донишҷӯёни ҳиндустонӣ ба Душанбе баргашта, ба наздикӣ боз ҳамин шумор донишҷӯён аз Ҳиндустон барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон бармегарданд.

Донишҷӯёни ӯзбек: “Мо аз дигарон чӣ камӣ дорем?”

Донишҷӯёни ӯзбеки машғули таҳсил дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон намефаҳманд, ки барои чӣ ба Тоҷикистон барои идомаи таҳсил баргашта наметавонанд, зеро Ӯзбекистон сарҳадҳояшро боз намуд. Ҷониби Тоҷикистон ҳоло дар бораи кушодани сарҳадҳояш тасмим нагирифтааст.

Дар ВКХ ҶТ дар ин робита изҳор доштанд, ки рӯзи 1октябр дар бораи нияти аз ҷониби Ӯзбекистон боз шудани сарҳад огоҳинома гирифта, онро ҷиҳати баррасӣ ба Ситоди ҷумҳуриявии муқовимат бо коронавирус фиристодаанд, зеро Ситод дар ин бора қарор қабул мекунад.

Дар ҳамин ҳол, рӯзи 2 октябр дар постгоҳи сарҳадии “Дӯстӣ” ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки 1 октябр тариқи ин гузаргоҳ як автобус бо донишҷӯёни ӯзбек ба қаламрави Тоҷикистон гузаштааст, аммо тасдиқ кардани ин маълумот ба мо муяссар нашуд.

Ситоди ҷумҳуриявӣ масъаларо баррасӣ намуда, то ҳол қарор қабул накардааст. Донишҷӯёни ӯзбек мегӯянд, аз машғулиятҳо хеле қафо мондаанд ва дархост доранд, ки ба онҳо долони “сабз” пешниҳод шавад.

Ба гуфтаи Акрам, донишҷӯи соли 2-юми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ӯ моҳи март ба хонаашон – Ӯзбекистон рафта, то ҳол барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон баргашта наметавонад.

“Мо ба шуъбаи байнулмилалии донишгоҳ муроҷиат кардем ва дар он ҷо гуфтанд, ки “кӯшиш кунед, ки барвақттар баргардед, то ки аз машғулиятҳо қафо намонед”. Лекин мо чӣ гуна баргардем, вақте барои вуруд иҷоза нест?. Чаро ба донишҷӯёни афғону ҳиндустонӣ иҷоза доданду ба мо не? Мо аз онҳо чӣ камӣ дорем? Хайр, агар иҷоза намедиҳанд, пас барои мо таълими фосилавӣ ташкил карда метавонанд?”, – саволҳо медиҳад Акрам.

Донишҷӯи дигар Рашид барои таҳсил ба мактаби олии Ӯзбекистон гузашта, акнун мехоҳад, ки барои гирифтани ҳуҷҷатҳояш ба Тоҷикистон ояд, лекин алҳол барои ин имкон нест.

… “Азия-Плюс” ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон доир ба имкони аз ҷониби муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ роҳандозӣ намудани таҳсили фосилавӣ барои донишҷёни хориҷӣ, ки айни замон ба Тоҷикистон омада наметавонанд, бо савол муроҷиат карда, лекин то ҳол посух нагирифтааст.

Тибқи маълумот то моҳи феврали соли 2020, танҳо дар курси якуми Донишгоҳи давлатии мӯзгории Тоҷикитсон ба номи Садриддин Айнӣ ҳудуди 2,5 ҳазор нафар донишҷӯён аз Ӯзбекистон таҳсил мекунанд.

Донишҷӯёни тоҷикистонии машғули таҳсил дар муассисаҳои таълимии Русия низ боз шудани алоқаи ҳавоӣ ё ташкили хатсайрҳои махсусро интизоранд. Тибқи маълумоти ВКХ Тоҷикистон, шумори ин донишҷӯён зиёда аз 4 ҳазор нафарро ташкил дода, беш аз 1 ҳазор нафари онҳо ҳамин сол ба муассисаҳои таълимии Русия дохил шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.