USAID: мусоидат ба фаъолияти содиркунандагони меваву сабзавоти Осиёи Марказӣ

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Маълумотномаи муфассале дар бораи содиркунандагони мева ва сабзавот аз Осиёи Марказӣ нашр намуд, ки ҳадаф аз он фароҳам намудани иттилоот дар бораи истеҳсолкунандагон миёни харидорони потенсиалӣ дар саросари ҷаҳон мебошад. Беш аз 120 содиркунандаи маҳсулоти мева ва сабзавот аз Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон […]

Иттилоияи расмӣ

Агентии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) Маълумотномаи муфассале дар бораи содиркунандагони мева ва сабзавот аз Осиёи Марказӣ нашр намуд, ки ҳадаф аз он фароҳам намудани иттилоот дар бораи истеҳсолкунандагон миёни харидорони потенсиалӣ дар саросари ҷаҳон мебошад.

Беш аз 120 содиркунандаи маҳсулоти мева ва сабзавот аз Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар феҳристе дарҷ шудаанд, ки ҷузъиёти марбут ба маҳсулоти онҳо (аз рӯи категория), брендҳо, каналҳои фуруш ва маълумот барои тамосро дар бар мегиранд.

Дар ин роҳнамо ҳамчунин бахше ҳаст, ки тавассути он метавон дар бораи хароҷоти ҳамлу нақл ва вақти барои транзит аз шаҳрҳои Осиёи Марказӣ ба бозорҳои калидии содиротӣ дар Аврупо ва Осиё огаҳӣ пайдо кард.

Осиёи Марказӣ қарнҳост, ки намудҳои васеи мева ва сабзавотро истеҳсол ва тиҷорат мекунад. Бисёре аз истеҳсолкунандагон акнун омода ҳастанд бозори худро берун аз минтақа густариш диҳанд. Ин Роҳнаморо лоиҳаи USAID оид ба рақобатпазирӣ, тиҷорат ва эъҷоди ҷойҳои кор ба унвони як каталоги қобили дастарсии осон барои намоиш додани истеҳсолкунандагон, коркардкунандагон ва ширкатҳои тиҷоратии Осиёи Марказӣ, ки моил ва омодаи содироти маҳсулоти мева ва сабзавоти худ ҳастанд, таҳия намудаааст. Ин Роҳнамо барои воридкунандагон дистрибюторҳо, харидорони чаканафурушӣ ва ташкилкунандагони намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешбинӣ карда шудааст.

USAID ахиран як Роҳнамоии вижаи содиротӣ барои содиркунандагони Осиёи Марказӣ таҳия кард, ки дар он иқдомоте, ки барои ворид шудан ба бозорҳои содиротӣ бояд анҷом дода шаванд, тавсиф карда шудаанд.

Дар он ҳамчунин роҳнамоӣ дар мавриди таҳқиқу омӯзиши бозор, стандартҳо, қиматгузорӣ, таблиғот, бастабандӣ ва намоишгоҳҳои тиҷорӣ барои афзоиши имконоти содироти муваффақиятомез ироя шудааст.

Ҳар ду нашрия ба содиркунандагони маҳсулоти мева ва сабзавоти Осиёи Марказӣ дар ҷиҳати афзоиши рақобат ва диверсификатсияи вобастагии онҳо ба бозорҳои суннатӣ кумак хоҳанд кард, то битавонанд самтҳои содиротии навро таҳти ҳадаф қарор диҳанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.