Боздошти як тоҷикистонӣ дар Домодедово бо $125 ҳазор

Date:

Кормандони хадамоти гумруки фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав як шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт намуданд, ки зиёда аз 125 ҳазор доллар пули нақдро бидуни анҷоми расмиёти эъломия (декларатсия) аз Русия ба Тоҷикистон бурданӣ буд, хабар медиҳад дафтари матбуоти хадамоти гумруки Домодедово.

“Ҳангоми тафтиши мусофирон кормандони гумрук дар бағочи дасти шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз долони сабз гузаштанӣ буд, 125 ҳазор доллари ИМА ва 12,6 ҳазор рубл – ҳамагӣ баробар ба наздики 9,6 млн рублро ошкор намуданд”, – иттилоъ дода мешавад дар сомона.

Гуфта мешавад, дар ин амали мусофир аломатҳои ҷиноят мутобиқи б. «а» қ. 2 модд. 200.1 КҶ Русия ба назар мерасад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Дар маълумот қайд мешавад, ки мувофиқи қонунгузории гумруки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕАЭС), ҳангоми интиқоли маблағи нақди зиёда аз 10 ҳазор доллар анҷоми расмиёти эъломияи гумрукӣ ҳатмӣ мебошад.

Зимни анҷоми расмиёти маблағи беш аз 100 ҳазор доллар ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сарчашмаҳои дарёфти ин маблағ зарур аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...