Боздошти тоҷикистониён дар Петербург пас аз муноқиша бо тирпарронӣ

Дар доираи парвандаи ҷиноятӣ пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16 нафар боздошт шудаанд, хабар медиҳад Аif.ru бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии ВКД. Бино ба маълумоти Интерфакс, мардони синни аз 19 то 65-сола: 3 шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистону Озарбойҷон боздошт шудаанд. Ба иттилои манбаъ, муноқиша рӯзи 20 октябр дар […]

Дар доираи парвандаи ҷиноятӣ пас аз ҳодисаи тирпарронӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия 16 нафар боздошт шудаанд, хабар медиҳад Аif.ru бо истинод ба хадамоти матбуоти Раёсати минтақавии ВКД.

Бино ба маълумоти Интерфакс, мардони синни аз 19 то 65-сола: 3 шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Тоҷикистону Озарбойҷон боздошт шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, муноқиша рӯзи 20 октябр дар пайи баҳси ба бозори “Апраксин двор” расонидани бору маҳсулот рух додааст.

Тавре Невские новости менависад, пас аз муноқишаи лафзӣ як шахси номаълум аз силоҳи ҷароҳатдеҳ (травматикӣ) 5 маротиба ба сӯи марди 51-сола тирпарронӣ мекунад, ки дар натиҷа ӯ бо ҷароҳатҳои сатҳи миёна дар бемористон бистарӣ шудааст. Шаҳрванди кадом кишвар будани ҷароҳатбардошта муайян карда мешавад.

Гуфта мешавад, барои муайян кардани ҳамаи ҳолатҳои ҳодисаи рухдода 16 нафар иштирокчиёни эҳтимолии он ба шуъбаи пулис оварда шудаанд. Даст доштани боздоштшудагон ба тирпарронӣ таҳқиқ мешавад. Аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 213, қ. 2 КҶ Русия (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.