Вазорати тандурустӣ бо СҶТ созишнома ба имзо расонид

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба муҳлати ду соли минбаъда созишнома ба имзо расонид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкорӣ ба тариқи виртуалӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва директори Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо доктор Ҳанс Клуге имрӯз, 20 октябр ба имзо […]

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ба муҳлати ду соли минбаъда созишнома ба имзо расонид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, Созишномаи навбатии дусолаи ҳамкорӣ ба тариқи виртуалӣ аз ҷониби вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва директори Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо доктор Ҳанс Клуге имрӯз, 20 октябр ба имзо расид.

Гуфта мешавад, Ҷамолиддин Абдуллозода зимни суханронии хеш дар ҷаласаи онлайнӣ ба Дафтари минтақавии СҶТ дар Аврупо барои дастгирии доимӣ дар самти мубориза бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 изҳори миннатдорӣ баён намуд.

– Имрӯз аз нуқтаи назари таърихӣ рӯзи муҳим аст, зеро мо бори аввал бо шумо дар шакли виртуалӣ Созишномаи навбатии дусоларо ба имзо мерасонем. Мехоҳам шуморо бовар кунонам, ки ҳукумати Тоҷикистон ба принсипҳои ҳамкории глобалӣ барои рафъи бемории коронавируси нави COVID-19 содиқ  мебошад, – илова кардаааст вазир.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.