Овоздиҳӣ дар интихоботи президенти ИМА ба итмом расид

Date:

Дар ИМА раъйдиҳӣ дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар ба охир расид. Охирин қитъаҳои овоздиҳӣ дар Аляска соати 9:00 ба вақти Маскав (11:00 – ба вақти Душанбе) баста шуданд.

Натиҷаи умумии интихобот ҳоло маълум набуда, дар аксари штатҳо ҳисоби овозҳо идома дорад. Тибқи арзёбии NBC, айни замон Байден 209 ва Трамп – 212 овозҳои интихобкунандагонро касб кардаанд. Дар ҳамин ҳол, Fox менависад, Байден 238 ва Трамп – 213 овоз гирифтаанд, хабар медиҳад Медуза.

Барои пирӯзӣ дар интихобот касби 270 овоз зарур аст.

Ба эҳтимоли зиёд, Трамп дар штатҳои Флорида ва Огайо ва Байден дар Аризона пирӯз шудааст: дар ин штатҳо аксарияти овозҳо аллакай ҳисоб шудаанд.

Дар дигар штатҳои калаванда натиҷа ҳоло номаълум аст. Бо сабаби овоздиҳӣ тариқи почта дар як қатор штатҳо, аз ҷумла Пенсилвания ҳисоби овозҳо ба муҳлати то се рӯз тӯл кашида метавонад.

Ҳар ду номзад ҳам ба ғалабаи ояндаи худ бовар доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сӯиқасд ба ҷони як генерал ва мансабдори баландпояи бахши истихбороти ҳарбии Русия

Ба ҷони генерал-лейтенант Владимир Алексеев, муовини аввали сардори Сарраёсати...

Мақомоти Эрон омори расмии ҷонбохтагони эътирозҳои охирро эълон карданд

Мақомоти Эрон мегӯянд, дар пайи эътирозҳои ахир дар ин...