Сироятёбии боз 41 кас аз коронавирус дар Тоҷикистон

Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми 4 ноябр 11 ҳазору 180 нафарро ташкил медиҳад. Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст. Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози […]

Asia-Plus

Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми 4 ноябр 11 ҳазору 180 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 83 нафар боқӣ монд.

Шумори шифоёфтагон қариб 49 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 438 нафар ё худ 93,3%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз шумори рекордии беморони COVID-19 дар як ҳафта хабар дод. Теъдоди сироятёфтагон тайи як ҳафта дар ҷаҳон беш аз 3,3 млн нафар зиёд шуд.

Зикр шуд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ аз оғози пандемия аст. Тай як ҳафта зиёда аз 45 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтида, шумори умумии сироятёфтагон дар саросари дунё ба 46 млн нафар расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт: роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.