ВКД тирпаронии Хоруғро шарҳ дод

Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи тирпаронии рӯзи 4-уми ноябри шаҳри Хоруғро шарҳ дод. Дирӯз дар шабакаи фейсбук корбаре бо номи Комчек Мирзоев бо гузоштани чанд акс навишта буд, ки "дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи аҳолинишин бе ягон асос тирпаронӣ карданд". Ин корбари шабакаи иҷтимоӣ кормандони мақомотро ба он муттаҳам мекард, ки […]

Вазорати корҳои дохилӣ ҳодисаи тирпаронии рӯзи 4-уми ноябри шаҳри Хоруғро шарҳ дод. Дирӯз дар шабакаи фейсбук корбаре бо номи Комчек Мирзоев бо гузоштани чанд акс навишта буд, ки "дар маҳаллаи Хоруғи болои шаҳри Хоруғ кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷойи аҳолинишин бе ягон асос тирпаронӣ карданд".

Ин корбари шабакаи иҷтимоӣ кормандони мақомотро ба он муттаҳам мекард, ки "ҳарчанд қонунгузорӣ тирпарронӣ дар ҷои аҳолинишинро манъ кардааст, хушбахтона ягон нафар аз сокинон осеб надид. Аз тарафи сокинон ягон муқобилиат ҳам нишон дода нашуд".

Дафтари матбуоти ВКД имрӯз ин ҳодисаро шарҳ дод. Бино ба навиштаи ин ниҳод "4-уми ноябри соли равон, тахминан соатҳои 21:30-дақиқа, шаҳрванд Зикилобеков Сино Файзулобекович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Хоруғ, маҳаллаи Хоруғи боло, кӯчаи М.Иҷубов, хонаи №50, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота», рақами қайди давлатиаш 00-05 ВЕ 07, дар дидбонгоҳи амалкунандаи БДА, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Сучон, деҳаи Бидурди ноҳияи Шуғнон, ба талаботи кормандони милитсия итоат накарда, ба самти шаҳри Хоруғ фирор менамояд".

ВКД ҳамчунин шарҳ дода, ки "ҳангоми пайгирии автомашинаи мазкур як гурӯҳ ҷавонон дар ҳайати 15 нафар, аз ҳисоби сокинони маҳаллаи Хоруғи боло ба фаъолияти қонунии кормандони БДА монеагӣ эҷод карда, нисбати онҳо муқобилият нишон додаанд. Бо мақсади пароканда намудани издиҳоми ҷавонон аз тарафи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба тарафи ҳаво тир парронда шудааст".

То кунун назари ҷониби Сино Зикилобеков ба расонаҳо дастрас нест, аммо аз ВКД ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ахбори муфассали ҳодисаи мазкур ба зудӣ нашр хоҳад шуд ва ҳоло бошад тафтишоти пешакӣ идома дорад. Инчунин манбаъ илова намуд, ки “то ҳол ҷавони фирорӣ боздошт нашудааст ва тирпаронӣ ба тарафи ҳаво низ ба хотири пароканда намудани ҷавонон буд”.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.