Рӯзи 15-уми октябр сафари кории сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон оғоз гардид.
Тавре шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, сарвазир ҳамроҳи раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нахуст дар деҳаи Ҳақиқати ноҳияи Хуросон аз хоҷагии фермерии “Бибиузбекбӣ” боздид карданд. Хоҷагии мазкур соли 2019 дар майдони умумии 883 гектар дар Ҷамоатҳои деҳоти “Ғаллаобод”, “Ҳилолӣ” ва “Қизилқалъа” ташкил шудааст. Дар ин хоҷагӣ 150 гектар боғи ангури чойлобӣ бунёд мешавад.
Сарвазир ва раиси вилоят бо ҷараёни тахту ҳамворкунии майдони боғ ва кашидани хатти интиқоли об шинос шуда, сипас корҳои сохтмониро дар бинои маркази хизматрасонӣ аз назар гузаронданд. Гуфта мешавад, маркази хизматрасонӣ аз 2 ошёна иборат буда, дар он ташкили ҳаммоми замонавӣ, сартарошхона, кошонаи ҳусн, ҳуҷраи дандонпизишкӣ, лойдармонӣ ва маркази савдо пешбинӣ шудааст.
Қоҳир Расулзода баъдан бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ферма барои 1000 сар бузи ширӣ дар ноҳияи Хуросон шинос шуд. Бунёди иншоот моҳи феврали соли 2018 оғоз гардида, то ин давра зиёда аз 50%-и корҳо иҷро карда шудааст. Арзиши умумии он 14 миллиону 898 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Корҳои сохтмонӣ то охири соли ҷорӣ ба итмом расида, воридоти таҷҳизот ва чорво то ҷашни Наврӯзи соли 2020 ба нақша гирифта шудааст.
Зикр мешавад, ки сафари кории сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба вилояти Хатлон идома дорад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.