Дидорбинӣ бо маҳбусонро иҷозат медиҳанд

Сар аз рӯзи 16-уми ноябр дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дидорбинии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон иҷозат дода мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Сарраёсати иҷорои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ дод. Ба иттилои манбаъ, маҳбусон вохӯрӣ бо наздиконашонро тақрибан 7 моҳ интизорӣ кашиданд ва ба зудӣ онҳо дидор хоҳанд кард. Ҳамсӯҳбати […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сар аз рӯзи 16-уми ноябр дар муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон дидорбинии кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон иҷозат дода мешавад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Сарраёсати иҷорои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ иттилоъ дод.

Ба иттилои манбаъ, маҳбусон вохӯрӣ бо наздиконашонро тақрибан 7 моҳ интизорӣ кашиданд ва ба зудӣ онҳо дидор хоҳанд кард.

Ҳамсӯҳбати мо илова кард, ки танҳо рӯзи сешанбе бо маҳбусон иҷозати мулоқот дода намешавад ва дигар рӯзҳо мулоқот иҷозат аст.

“Мутобиқи моддаи 16 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Тоҷикистон, маҳкумшудагон ба мулоқот бо аъзои оила, хешовандон, ҳамчунин ба қабул кардани хӯрокворӣ ва дигар маводи мавриди ниёзи аввал ҳуқуқ доранд. Танҳо рӯзи сешанбе имкони мулоқот бо маҳбусон нест. Дигар рӯзҳо метавонанд ҳам мулоқоти кӯтоҳмудат ва ҳам дарозмудат, ки дӯ рӯз аст дошта бошанд. Ҳатто рӯзи якшанбе низ мулоқотҳои шахсӣ иҷозат аст”.

Манбаъ инчунин илова намуд, ки гарчанде барои мулоқот бо маҳбусон иҷозат дода шуда бошад, ҳам, вале бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус ба ҷуз чораҳои беҳдоштии риояи меъёри тозагӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба он корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида мешаванд.

Вале ҳамсӯҳбатмаон дар мавриди ҳатмӣ будани маълумотномаи ташхиси тиббии гирифтор набудан ба бемории  коронавирус барои мулоқоткунандагон изҳори бехабарӣ кард ва гуфт: “Дар мавриди доштани маълумотномаи тиббӣ огоҳӣ надорем ва ҳоло чунин тасмим низ нашудааст. Ва шояд баъдан ҷорӣ шавад, чун бояд ҳар фарди воридшуда ба назди маҳбус бемор набошад, то саломатии ӯро низ зери хатар нагузоранд ”, -илова кард манбаъ.

Қаблан Мансурҷон Умаров, сардори Сарраёсати иҷорои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия низ дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “Мо ниқобҳои махсуси тиббиро дар байни маҳбусон, сардорони штабҳо ва бригадаҳо омода ва тақсим кардем. Ҳар касе, ки ба муассисаҳои ислоҳӣ медарояд, дастони худро бо маҳлулҳои махсус коркард мекунад. Мо инчунин ба ҳама муассисаҳои ислоҳӣ асбобҳои ҳароратсанҷ (термометр) харида, тақсим кардем”, – гуфт Умаров.

Ба қавли ӯ, дар ҳар як боздоштгоҳи тафтишотӣ утоқҳои махсуси карантин ташкил шудааст, ки дастгиршудагон дар он ҷо 14 рӯз ба карантин фаро гирифта мешаванд.

Бояд гуфт, ки аз 31 марти соли равон бо мақсади пешгирии паҳншавии коронавирус, дар тамоми маҳбасҳои Тоҷикистон вохӯриҳои кӯтоҳмуддат ва дарозмуддат бо маҳбусон манъ шуда буд. Ҳамзамон қабули дастовезу хӯрокворие, ки наздикону хешовандони маҳбусон барои онҳо меоранд, иҷозат буд.

Мансурҷон Умаров сардори  сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ рӯзи 31 март ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки:  “Дар Тоҷикистон, тавре шумо медонед, бемории коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Аммо бо мақсади пешгирӣ, дар асоси дастурҳои президент, дар Вазорати адлия нақша ва чорабиниҳои махсус таҳия карда шуданд, ки онҳо аз 31-уми март дар маҳбасҳо татбиқ карда мешаванд”.

Аз ин пештар намояндагони "Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон" ба риояи ҳуқуқи маҳкумшудагон дар шароити маҳдудиятҳои ҷоришуда аз ҷониби ҳукумат дар заминаи мубориза бо коронавирус даъват карда буданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.