Мушкилоти нави “Барқи тоҷик”: аз “светкушӣ” то дуздидани 6,7 миллион доллар

Ниҳодҳои қудрати Тоҷикистон ба тафтиш ва дақиқ кардани ҳаҷми дуздидашудаи барқ ё талафоти он дар ширкати “Барқи тоҷик” пардохтаанд.  “Радиои Озодӣ” бо такя ба як  дастури  Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ниҳод гуруҳи вижаи тафтишотиеро  созмон додааст, ки “корбурди сарфакоронаи барқ, таъмири васоили интиқоли он, дуздӣ ва талафоти неру ва ҳамчунин роҳандозӣ нашудани тарзи […]

Asia-Plus

Ниҳодҳои қудрати Тоҷикистон ба тафтиш ва дақиқ кардани ҳаҷми дуздидашудаи барқ ё талафоти он дар ширкати “Барқи тоҷик” пардохтаанд. 

“Радиои Озодӣ” бо такя ба як  дастури  Додситони кулли Тоҷикистон гуфтааст, ки ин ниҳод гуруҳи вижаи тафтишотиеро  созмон додааст, ки “корбурди сарфакоронаи барқ, таъмири васоили интиқоли он, дуздӣ ва талафоти неру ва ҳамчунин роҳандозӣ нашудани тарзи нави пардохти пули барқро дар саросари ҷумҳурӣ”-ро дар ширкати “Барқи тоҷик” месанҷанд.

Ин дар ҳолест, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бархе аз масъулони Хадамоти фурӯши Шабакаҳои барқи шаҳри Душанберо ба дуздида шудани зиёда аз 68 миллион сомонӣ барқ (150 миллион киловатт/соат) гумонбар кардааст. 17 октбяри соли равон бо имзои Абдураҳмон Аламшозода муовини Вазири корҳои дохилӣ ба раиси ширкати “Барқи тоҷик” Мирзо Исмоилзода натиҷаҳои санҷиши фаъолияти молиявии шабкаҳои барқи Душанберо ирсол намуда аз талафоти беш аз 150 миллион киловатт нерӯи барқ ба маблағи 68 миллион сомонӣ (6,7 миллион доллар) хабар додааст,-иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

Доғ шудани баҳси дуздидани барқ ё талафоти он дар ширкати “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки ин ширкат дар ду ҳафтаи ахир аз сӯйи сокинони минтақаҳои гуногуни кишвар барои қатъи рӯзонаи барқ бидуни огаҳӣ интиқод мекунанд.

Додситонии куул комиссияи вижаро рӯзи 30 октябр таъсис додааст. Худи ширкати “Барқи тоҷик” беш аз 2,5 миллиард доллар қарздор аст. Мавзуъи қарздорӣ ва нохудкифо будани ин ширкат солҳост, ки дар Тоҷикистон матраҳ аст. Бо вуҷуди таҷдиди сохториву  идорӣ ин ширкат натавонист аз қарздорӣ берун шавад.

Радиои Озодӣ ҳамчунин бо такя ба як санади дарёфтнамудааш менависад, ки “дар шабакаҳои барқи Душанбе муфаттишон аз амали “як гуруҳи ҷиноӣ” дар ин идора хабар медиҳанд, ки аз роҳи дуздии барқ “пулҳои калон ба даст меоранд”.

Мақомот ба ин “гуруҳи ҷиноӣ” Ҳусейн Худойқулов сардори Хадамоти фурӯши шабакаҳои барқи Душанбе, Манучеҳр Хурсандзод сардори шабакаҳои барқи Душанбе ва Нуррулло ном шахс барномасози шӯъбаи ҳисоббаробардкунии ин идораро шомил медонанд, ки бо роҳи “тассаруф ва бо тарифҳои паст фурӯхтани барқ” маблағҳои ҳангуфте ба даст овардаанд.

Ҳусейн Худойқулов, сардори Хадамоти фурӯши шабакаҳои барқи Душанбе рӯзи 10-уми нобяр ба “Озодӣ” ин иттиҳомоти тафтишотро рад карда гуфтааст “ин ҳама асосе надоранд”. Худойқулов афзудааст, ки бемор аст ва пас аз рухсат шудан ҳозир аст ба суолҳои хабарнигорон посух диҳад.

Натиҷаҳои санҷиш фактҳоеро ошкор кардааст, ки гуфта мешавад, тасдиқи худро ётфаанд. Бино бар онҳо ин даста ба ҳисобварақаи муштариён садҳо киловатт/соат нерӯи барқро, ки онҳо дар асл истифода накардаанд зам намуда, баъдан барқи замшударо ба гуфтаи тафтишот бо “тарифи сифр” ҳисобӣ кардаанд (яъне гӯё ба муштарӣ барқ ройгон дода шуд) “киловаттҳои барқи тасарруфшударо ба муштариёни дигар бо тарифҳои паст фурӯхта (нархи арзон) маблағҳои калонӣ пулӣ ба даст оварда истодаанд”.

Ин тафтиш яке аз далелҳои ошкоршударо чунин овардааст: “Нозирон ба ҳисобварақаи шаҳрванд Солиева Х. Сокини ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Мунзим хонаи 32 а 13-уми апрели 2020 се миллион киловатт/соат барқро зам кардаанд. Ин миқдор барқ бо тарифи сифрӣ ҳисоб шуда барои он истифодаи он пул пардохт нашудааст. Ин дар ҳолест, ки тафтишот собит кардааст Солиева аз сентябри соли 2018 инҷониб дар ин хлна зиндагӣ накарда барқ ҳам масраф накардааст. Маблағи барқи тасаруфшуда 679 ҳазор сомонӣ (!) ҳисоб шудааст. Тафтишот чанде дигар мисолҳои ба ин монандро ошкор кардааст”.

Ширкати “Барқи тоҷик” то кунун та натиҷаҳои тафтишоти Вазорати корҳои дохилӣ посух надодааст.

Посух надодани ин ширкат ба далелҳои ВКД дар ҳолест, ки акнун Додситонии кулл даст ба кор шудааст.

Ошкор шудани дуздиҳои зиёди барқ ва ифшои нақшаҳои дуздии барқ аз сӯйи нозирону масъулони ин ширкат, хусусан дар шаҳри Душанбе дар ҳоле дақиқ ва расонаӣ карда мешавад, ки бояд дар шаҳри Душанбе лоиҳаи озмоишии насби ҳисобкунакҳои барқ, ки аз рӯйи усули биллинг кор мекунанд, амалӣ шавад.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон чанде пеш Созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати ҶТ ва Консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати «Авесто Гурӯҳ», «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ва «Душанбе Сити» дар бораи амалӣ кардани лоиҳаи низоми худкори назорат ва баҳисобгирии нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.

Дар шарҳи ин низом гуфта мешуд, ки ин се ширкат дар муддати 5 соли наздик ният доранд, лоиҳаи насби ҳисобкунакҳои барқиро, ки бо усули биллингӣ кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе татбиқ созанд. Арзиши умумии лоиҳа 88 млн. долларро ташкил дода, аз ҷумла, дар доираи он беш аз 250 ҳазор дона ҳисобкунакҳои нави барқ харида мешаванд.

Ин лоиҳа имсол бояд аз ноҳияи Синои пойтахт оғоз мешуд, ки 95 ҳазор ҳисобкунакҳои нави барқ бояд насб мегардид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.