Яке аз раисони хабарсози Хатлон аз вазифа озод шуд

Саид Ёқубзод раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар ду нишасти хабарӣ дар соли равон аз қарздории ширкатҳои Алимардонов хабар дода буд, имрӯз аз вазифа озод шуд. Як манбаъ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Asia-Plus” хабар дод, ки айни замон фаъолони ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷамъ карда шудаанд ва интизори […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Саид Ёқубзод раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки дар ду нишасти хабарӣ дар соли равон аз қарздории ширкатҳои Алимардонов хабар дода буд, имрӯз аз вазифа озод шуд.

Як манбаъ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Asia-Plus” хабар дод, ки айни замон фаъолони ноҳия дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷамъ карда шудаанд ва интизори муарифии раиси нав ҳастанд. Ин манбаъ ҳамчунин гуфт, ки ба ҷойи Саид Ёқубзод муовини аввали раиси ноҳия Сафар Раҳимзода иҷрокунандаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин карда шудааст.

Бояд гуфт, ки Саид Ёқубзод 5 майи соли 2019 ба вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин шуда буд.

Ҳамчунин як манбаъ аз мақоимоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон хабар дод, ки Раҳматулло Сафарзода, раиси ин ноҳия низ аз вазифа озод шудааст. Ба ҷои ӯ муовини аввали раис Илҳом Аҳмадзода иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳия таъин карда шудааст.

Ғайр аз ин ба вазифаи и.в раиси шаҳри Норак, ки раиси акунун собиқи шаҳр  Маликшо Неъматзода дирӯз раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақил интихоб шуд,  Дилшод Асозода  таъин гардид.

Ёдовар мешавем, ки Саид Ёқубзод дар нишастҳои хабариаш аввалин шуда аз напардохтани андозҳо аз ҷониби ширкатҳои Муродалӣ Алмиардонов ба хабарнигорон хабар дод, ки дар ҷомеъа вокунишҳои тундеро ба бор овард. 

Ҳамчунин тибқи хабарҳои расида Абдухолиқ Холиқзода ба ҷойи Ислом Зиёзода раиси шаҳри Панҷакент ва Ашӯралӣ Ҷалилзода раиси ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд таъин шудаанд. Раиси пешини ноҳияи деваштич Сулаймон Зиёзода дар кобинаи нави Ҳукумати Тоҷикистон вазири кишоварзӣ таъин шуд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.