Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон бо нашри як изҳорот аз хатми низоъҳо ва оташбас дар Кӯҳистони Қарабоғ истиқбол кардааст.
Дар ин изҳорт аз ҷумла гуфта мешавад: "Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳороти Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон ва Президенти Федератсияи Русия аз 9 ноябри соли 2020 оид ба оташбаси комил ва қатъи тамоми амалиёти ҳарбӣ дар минтақаи низои Кӯҳистони Қарабоғро истиқбол менамояд".
Дар идомаи ин изҳорот омадааст, ки "мо аҳаммияти истисноии ҳалли мусолиматомези низои Кӯҳистони Қарабоғро бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ дар чаҳорчӯби принсип ва меъёрҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид мекунем".
Бояд гуфт, ки 10-уми ноябр Президенти Озорбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Арманистон Никола Пашинян ва Президенти Русия Владимир Путин ба созишномаи хатми ҷанг ва оташбас дар Қарабоғи Кӯҳӣ имзо гузоштанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


