Ба наздикони Далер Шарифов иҷоза доданд, ки бо ӯ мулоқот кунанд

Баъди 9 моҳи ҷудоӣ, наздикони Далер Шарифов, рӯзноманигори маъруфи зиндонии тоҷик тавонистанд бо ӯ мулоқот намоянд. Тавре аз хонаводаи Далер Шарифов ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, онҳо тавонистаанд рӯзи 10-ум ноябр баъди расман иҷозат додани дидорбинӣ бо зиндониён дар Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон бо Далер мулоқот намоянд. Саида Қурбонова ҳамсари рӯзноманигор гуфт, ки вазъи саломатии […]

Баъди 9 моҳи ҷудоӣ, наздикони Далер Шарифов, рӯзноманигори маъруфи зиндонии тоҷик тавонистанд бо ӯ мулоқот намоянд.

Тавре аз хонаводаи Далер Шарифов ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд, онҳо тавонистаанд рӯзи 10-ум ноябр баъди расман иҷозат додани дидорбинӣ бо зиндониён дар Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон бо Далер мулоқот намоянд.

Саида Қурбонова ҳамсари рӯзноманигор гуфт, ки вазъи саломатии Далер хуб ва аз дидорбинӣ хеле шод гардида буд.

“Ҳамроҳи фарзандон ба мулоқот рафтем. Саломатии Далер хуб аст, худро хуб ҳис мекунад ва аз чизе шикоят накард. Бо дидани фарзандон хеле шуҳол гардид. Мо низ хеле шодем, ки баъди моҳҳои тӯлонӣ ҳамдигарро дидему каме суҳбат намудем”.

Ҳамсари Далер мегӯяд, аз чизе шикоят намекунад ва танҳо ҳамон як хоҳиши ҳамешагӣ, ки барояш китоб барем то мутолиа намояд.

“Аз камбудие нагуфт, танҳо китоб фармоиш дод, ки барояш барем. Фармоиши ҳамешагии ӯ ҳамин овардани китоб аст. Дар маҳбас ҳам фақат китоб мехонад”, – илова кард Қурбонова.

Бояд қайд намуд, ки исми Далер Шарифов, рӯзноманигори зиндонии тоҷик миёни 378 маҳбусе, ки бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон 30 октябр пас аз маросими расмии савгандёдкунӣ ба унвони президенти дигарбора интихобшуда, бахшида шуда буданд, набуд. Ин дар ҳоле буд, ки хонаваоди Далер ва ҷомеаи рӯзноманигорӣ интизор дошт Далер Шарифов шомили ин рӯйхат мешавад. 

Ҳамсари Далер, рӯзи 4 ноябр дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Далер се моҳи дигар дар Муассисаи ислоҳии 3/6-и ноҳияи Ёвон мемонад. Ба гуфтаи Қурбонова, онҳо умед доштанд, ки номи Далер Шарифов низ дар рӯихати бахшидашудагон шомил мегардад, чун муҳлати адои ҷазои хеле кам дорад.

Хотиррасон мешавем, ки Далер Шарифов, 28-уми январи 2020 аз сӯйи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ боздошт шуд ва додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт 16-уми апрел ӯро барои “барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ” муҷрим шинохту як сол равонаи зиндон кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.