ВКД: Эшони Сироҷиддинро мо боздошт накардаем

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Эшони Сироҷиддин ё  Сироҷиддин Абдураҳмоновро ин ниҳод боздошт накардааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Сироҷиддин Абдураҳмонов аз сӯйи кормандони ВКД ё зерсохторҳои ин ниҳод боздошт нашудааст. Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ бо истинод ба пайвандони Эшони Сироҷиддин хабар дода буд, ки ин руҳонии маъруф аз […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки Эшони Сироҷиддин ё  Сироҷиддин Абдураҳмоновро ин ниҳод боздошт накардааст. Дафтари матбуоти ин ниҳод ба “Азия-Плюс” гуфт, ки Сироҷиддин Абдураҳмонов аз сӯйи кормандони ВКД ё зерсохторҳои ин ниҳод боздошт нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки Радиои Озодӣ бо истинод ба пайвандони Эшони Сироҷиддин хабар дода буд, ки ин руҳонии маъруф аз сӯйи “маъмуори интизомӣ” бо худ бурда шудааст. Ҳамчунин ин манбаъ гуфтааст, ки “китобу компютераш”-ро низ бурдаанд.

То кунун боздошти ин руҳонии маъруфро ҳеч ниҳоди интизомие расман таъйид накардааст. Талошҳои “Азия-Плюс” барои таъйиди ин хабар дар ниҳодҳои дигари интизомии Тоҷикистон бенатиҷа анҷомид.

Бино ба иттилои нашршуда ҳамчунин баъзе аз шогирдону ҷонибдорони ин руҳонии маъруфро низ маъмурони интизомӣ бо худ бурдаанд.

То кунун далели боздошти дубораи Сироҷиддин Абдураҳмонов маълум нест, вале бори аввал ин руҳонии маъруф соли 2009 бо гуноҳи пайравӣ ва таблиғи ҷараёни дар Тоҷикистон мамнуъи “Салафия” боздошт шуда буд, ки дар соли 2010 барои 7 сол равонаи зиндон шуд.

Аммо соли 2013 Эшони Сироҷиддин ғайриинтизор бар асоси қонуни афв озод шуд. Ин руҳонии маъруф баъди озод шудан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бархе расонаҳо ба тавсифу таърифи амалкарду сиёсатҳои ҳукумат пардохт.

Солҳои ахир дар шабакаи Ютуб фаъол шуда буд ва ба суолҳои динии корбарон посух медод. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.