Қарзи корхонаҳои давлатии Тоҷикистон аз андоз меафзояд

Дар зарфи 9 моҳ ба буҷети давлатии Тоҷикистон зиёда аз 646 млн сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар) камтар маблағ аз пардохти андоз ворид шуд. Қариб ҳамаи қарздорон корхонаҳое мебошанд, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар идора мешаванд. Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар ин давра аз пардохти андоз ба буҷет ба ивази беш аз 8,1 млрд […]

Дар зарфи 9 моҳ ба буҷети давлатии Тоҷикистон зиёда аз 646 млн сомонӣ (ҳудуди 63 млн доллар) камтар маблағ аз пардохти андоз ворид шуд. Қариб ҳамаи қарздорон корхонаҳое мебошанд, ки аз ҷониби ҳукумати кишвар идора мешаванд.

Бино ба маълумоти Кумитаи андоз, дар ин давра аз пардохти андоз ба буҷет ба ивази беш аз 8,1 млрд сомонии пешбинишуда наздики 7,5 млрд сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 7,9% кам мебошад.

Камшавии пардохти маблағи андоз дар навбати аввал ба андозсупорандагони бузург нисбат дода мешавад, ки воридоти маблағ аз онҳо ҳамагӣ 53%-и нақшаро ташкил додааст. Дар Кумита шарҳ медиҳанд, ки дар робита ба пандемияи коронавирус ҳаҷми хизматрасониҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва меҳмонхонаҳо кам шуда, баъзе корхонаҳо дар ҳолати душвори молиявӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷа бақияи қарзҳо аз рӯйи андоз дар соли ҷорӣ 440 млн сомонӣ афзуда, ҳаҷми умумии он (бо назардошти солҳои пешин) ба ҳолати 1 октябри соли равон ба беш аз 1 млрд сомонӣ расид.

Афзоиши қарз аз андоз дар соли ҷорӣ дар навбати аввал аз ҳисоби андозсупорандагони бузурге чун ҶСК “НБО Сангтӯда-1” (115,6 млн сомонӣ), ҶСК “НБО Роғун” (43,2 млн сомонӣ), ҶСК “Ширкати алюминии тоҷик» (22 млн. сомонӣ), ҶСК «Тоҷиктелеком» (18,8 млн сомонӣ), фурудгоҳу ширкатҳои ҳавопаймоӣ (67,8 млн сомонӣ) ва ғайра ба вуҷуд омадааст.

Қобили зикр аст, ки 95%-и бастаҳои назоратии саҳмияҳои ҶСК “НБО Роғун”, 100% – ҶСК “Талко”, 95% – ҶСК Тоҷиктелеком”, 100% – фурудгоҳҳо ва 100% – ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба ҳукумати ҷумҳурӣ тааллуқ доранд.

Дар сармояи оинномавии ҶСК “НБО Сангтӯда-1” 75% (тарҳи 1 саҳмия) ба ширкатҳои Русия мансуб буда, ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон 25% (ҷамъи 1 саҳмия)-ро ташкил медиҳад. Лекин мавриди зикр аст, ки барои интиқоли барқ ширкати “Барқи тоҷик” аз неругоҳи “Сангтӯда-1” зиёда аз 1,6 млрд сомонӣ қарздор аст. Бастаи пурра саҳмияҳои ин ширкатро низ ҳукумат дар ихтиёр дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.