Рэпсарои тоҷик Мастер Исмаил – сафири Ла Лига дар Тоҷикистон

Рэпсарои тоҷик Исмоил Исмоилов, ки байни ҳаводоронаш ҳамчун Мастер Исмаил маъруфият дорад, сафири Ла Лига (Чемпионати Лигаи олии футболи Испания) дар Тоҷикистон шуд. Дар ин бора худи овозхон ба “Азия-Плюс” хабар дод. Қобили зикр аст, ки зимни сафари чанде қабл ба Тоҷикистон намояндаи Ла Лига Қайс Раҳмон изҳор дошта буд, ки “нафареро ба ин вазифаи […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Рэпсарои тоҷик Исмоил Исмоилов, ки байни ҳаводоронаш ҳамчун Мастер Исмаил маъруфият дорад, сафири Ла Лига (Чемпионати Лигаи олии футболи Испания) дар Тоҷикистон шуд. Дар ин бора худи овозхон ба “Азия-Плюс” хабар дод.

Қобили зикр аст, ки зимни сафари чанде қабл ба Тоҷикистон намояндаи Ла Лига Қайс Раҳмон изҳор дошта буд, ки “нафареро ба ин вазифаи ифтихорӣ меҷӯяд, ки ба таҳкими робитаҳо миёни Ла Лига ва ҷомеаи футболи Тоҷикистон саҳми босазо гузорад”.

Исмоил Исмоилов изҳор дошт, ки гуфтугӯ ва робитаи мунтазам бо намояндагони Ла Лига, ташвиқи бозиҳои Чемпионати Испания дар Тоҷикистон, инчунин ишттирок дар чорабиниҳои варзишӣ, ки оянда аз ҷониби Ла Лига ва ФФТ ба нақша гирифта шудааст, аз ҷумлаи вазифаҳои ӯ мебошанд.

“Айни замон Ла Лига ба робитаҳояш дар Осиёи Марказӣ таҳким мебахшад: дар ҳамаи кишварҳои минтақа сафирони ин ташкилот ҳастанд, масалан, дар Ӯзбекистон овозхон Шаҳзода, – мегӯяд Исмоил. – Соли оянда Ла Лига дар Бухоро чорабинӣ мегузаронад ва агар имкон даст диҳад, дар он иштирок мекунам”.

Мебояд гуфт, ба вазифаи сафирии Ла Лига дар Тоҷикистон якчанд номзадҳо пешниҳод шуда буданд.

Яке аз сабабҳои интихоби маҳз Мастер Исмаил аз ҷониби испаниҳо дар он ифода меёбад, ки овозхон хеле хуб ба бозии футбол сарфаҳм рафта, мухлиси ашаддии тими “Барселона” аст ва дар вақтҳои холӣ бо дӯстонаш худаш ҳам футболбозӣ мекунад.

Намояндаи Ла Лига дар Осиёи Марказӣ Қайс Раҳмон қайд кардааст, ки ниҳодҳои масъул ба футболи Испания талош доранд, ки ба воситаи таъмини ҳузури шахсӣ дар бозор ва ҷалби таваҷҷуҳ ба бозиҳои чемионати Испания, Ла Лигаро дар Осиёи Марказӣ бештар писанди мардум гардонанд.

Мисоли иушаххаси он тамошои дастаҷамъона (ҷамъиятӣ)-и бозии Ла Лига бо иштироки овозхон Шаҳзода ва собиқ бозингари “Барселона” Луис Гарсиа дар Тошканд буда метавонад.

“Чунин чорабиниро бо иштироки яке аз ситораҳои эстрадаи тоҷик дар Душанбе ҳам ташкил кардан имкон дорад”, – гуфт ӯ.

Чунин шахс Мастер Исмаил интихоб шуд, ки аз ин ҳам худи рэпсаро ва ҳам ҳаводороони сершумораш хеле хурсанданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.