Харидории ҳудуди 5 ҳазор акси Шавкат Мирзиёев аз ҷониби шаҳрдории Тошканд

Дастгоҳи шаҳрдории Тошканд моҳи майи соли равон бо баргузории озмуне 4965 акси президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро ба маблағи 999 млн сӯм (зиёда аз $96,4 ҳазор) харидорӣ намудааст. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи харидҳои давлатӣ дар Узбекистон, таҳиягари аксҳо ширкати Kolorpak эълом шудааст. Гуфта мешавад, ширкат барои фармоишгар ду навъи […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дастгоҳи шаҳрдории Тошканд моҳи майи соли равон бо баргузории озмуне 4965 акси президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёевро ба маблағи 999 млн сӯм (зиёда аз $96,4 ҳазор) харидорӣ намудааст.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи харидҳои давлатӣ дар Узбекистон, таҳиягари аксҳо ширкати Kolorpak эълом шудааст.

Гуфта мешавад, ширкат барои фармоишгар ду навъи акс – 2894 дона акси 59×71- сантиметрӣ (ҳар кадоме 200 ҳазор сӯм ё $19) ва 2071 донаи дигар ба андозаи 49×42 сантиметр (ҳар кадоме 140 ҳазор сӯм ё $13,5) омода мекард.

Бо такя ба маълумоти сомонаи Gazeta.uz қайд мешавад, ки Kolorpak қаблан низ дар озмуни нашри 6 миллион дона китоби дарсии "Тарбия" ва 2 миллион китоби дарсии дигар баранда эълом шуда буд. Ширкати мазкур қарордоди нашри китобҳои дарсиро дувуним моҳ пеш аз оғози соли нави хониш ба даст оварда, созишномаҳо бо нашриётҳои дигар тағйир дода шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки Раёсати умури президент ва ҳукумати Қирғизистон ҳам соли 2018 хабар дода буд, ки 800 дона акси расмии президент Соронбой Ҷеенбековро чоп кардааст. Ҳар як акс беш аз ҳафтдолларӣ нашр шуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.