The Insider: Алина Кабаева дар як сол 785 млн рубл кор кард

Алина Кабаева, қаҳрамони бозиҳои Олимӣ аз Русия давоми як сол дар "Гурӯҳи расонаҳои миллӣ" (ГРМ) 758 млн 400 ҳазор рубл даромад кардааст. Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи The Insider хабар медиҳад. Юрий Ковалчук, яке аз саҳҳомони ГРМ дӯст ва ҳамсояи пешини Владимир Путин, президенти Русия аст. Гуфта мешавад, Алина […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Алина Кабаева, қаҳрамони бозиҳои Олимӣ аз Русия давоми як сол дар "Гурӯҳи расонаҳои миллӣ" (ГРМ) 758 млн 400 ҳазор рубл даромад кардааст.

Дар ин бора Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба нашрияи The Insider хабар медиҳад. Юрий Ковалчук, яке аз саҳҳомони ГРМ дӯст ва ҳамсояи пешини Владимир Путин, президенти Русия аст.

Гуфта мешавад, Алина Кабаева мансаби раиси шӯрои мудирони ГРМ-ро дар ихтиёр дорад. Зиёда аз 758 миллион рубл даромад кардани Кабаева марбут ба соли 2018 аст. Маълум нест, ки оё вай солҳои дигар ҳам ҳамин миқдор маблағ даромад кардааст ё на.

Зикр мегардад, ки Кабаева дар соли 2014 ба мақоми раиси шӯрои мудирони "Гурӯҳи расонаҳои миллӣ" расид. ГРМ бузургтарин медиахолдинги хусусӣ дар Русия, ки Шабакаи панҷум, РЕН, нашрияҳои "Спорт-экспресс" ва "Известия"-ро дар ихтиёр ва дар Шабакаи аввалу СТС-и Русия саҳм дорад. Моҳи окятбр бо синамохонаи онлайнии Netflix ҳамкориро шурӯъ кард.

В 2008 году газета "Московский корреспондент" объявила, что президент России Владимир Путин развёлся с женой и собирается жениться на Алине Кабаевой. Сразу после публикации издание приостановило свою работу, а позднее было закрыто.

Соли 2008 газетаи "Московский корреспондент" эълон нашр кард, ки президенти Русия Владимир Путин аз ҳамсараш ҷудо шуда, тасмим дорад, бо Алина Кабаева издивоҷ кунад. Дарҳол баъди нашри ин мавод нашрия аввал фаъолияташро боздошта, баъдан баста шуд.

Қобили зикр аст, ки Владимир Путин ва Алина Кабаева дар бораи ҳаёти хусусии худ суҳбат намекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.