Гуфтушуниди вазири мудофиаи Тоҷикистон бо фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия

Фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Александр Лапин бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт. Ӯ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили рӯзмарра ва муҳими ҳамкории дуҷониба, таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ. Фармондеҳи Ҳавза ҷараёни мусбатро дар […]

Фармондеҳи неруҳои Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия генерал-полковник Александр Лапин бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт.

Ӯ бо вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо дидору гуфтушунид карда, зимни мулоқот масоили рӯзмарра ва муҳими ҳамкории дуҷониба, таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ баррасӣ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ.

Фармондеҳи Ҳавза ҷараёни мусбатро дар ҳамкориҳои ҳавзаи ҳарбӣ бо Тоҷикистон дар муштарак тайёр кардани ҳайати шахсӣ ва воҳидҳо қайд кард. Шумори чорабиниҳои бузургмиқёси муштарак дар зарфи се сол қариб ду баробар – то 12 чорабинӣ зиёд шуд.

Гуфта мешавад, афсарони мақомоти идоракунӣ ва воҳидҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон маъмулан дар чорабиниҳои омодагии фаврӣ ва ҷангии Ҳавзаи марказии ҳарбӣ, инчунин ҷамъомадҳои фаврӣ-сафарбарии ҳайати роҳбарии ҳавза, машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ ва тамринҳо иштирок мекунанд.

“Сифати баргузории чорабиниҳо ба андӯхтани таҷрибаи бузург дар омодагӣ ва мураттабии мақомоти идоракунии ҳарбӣ, бурдани корҳои иктишофи ҳарбӣ, инчунин таҳияи тактикаи ягона бо назардошти таҷрибаи ҷангии дар Сурия гирифтаи низомиён имкон дод”, – иброз доштааст Лапин.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масоили таҳкими таъмини амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ табодули назар карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.