Кумаки МегаФон Тоҷикистон ба онлайн-консерти “Tojik On” дар ҷамъоварии ним миллион тамошобин аз 32 кишвар

22 ноябр онлайн-консерти бомиқёси “Tojik On 2.0” доир гардид, ки он сарояндагони беҳтарин ва тоҷикистониёни дар кишварҳои мухталиф қарордоштаро ба ҳам муттаҳид намуд. Пахши консерт дар платформаи “ClickStars” ва “YouTube” сурат гирифта, дар давоми зиёда аз панҷ соат беш аз 500 000 тамошобинонро аз тамоми олам ҷамъ овард. Ба сифати ташкилкунандаи консерт маркази продюсерии “ClickStars” баромад […]

Иттилоияи расмӣ

22 ноябр онлайн-консерти бомиқёси “Tojik On 2.0” доир гардид, ки он сарояндагони беҳтарин ва тоҷикистониёни дар кишварҳои мухталиф қарордоштаро ба ҳам муттаҳид намуд. Пахши консерт дар платформаи “ClickStars” ва “YouTube” сурат гирифта, дар давоми зиёда аз панҷ соат беш аз 500 000 тамошобинонро аз тамоми олам ҷамъ овард. Ба сифати ташкилкунандаи консерт маркази продюсерии “ClickStars” баромад намуд. Шарики  расмии алоқа – МегаФон Тоҷикистон бо ташкили боз як майдони ройгон барои тамошо дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook ва Instagram имкон дод, ки аудиторияи лоиҳа боз ҳам васеъ карда шавад.  

“Tojik On 2.0” дуюмин онлайн-консертест , ки соли равон гузаронида шуд.  Ба ташкилкунандагон пурра муяссар шуд, ки муваффақияти баҳориро ба даст оварда, инчунин рекорди навро аз рӯйи миқдори тамошокуниҳо соҳиб шаванд. Лоиҳаи байналмилалӣ 22 сарояндаро ба ҳам овард. Зиёда аз ним миллион тамошобин дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 10 000 гуфтаҳо гузошта, садҳо маротиба чорабиниро бознашр карданд ва дӯстону наздикони худро ба тамошои консерт даъват намуданд. Баромадҳо аз студияҳои дар шаҳрҳои Маскав, Душанбе, Хоруғ ва Хуҷанд ҷойгирбуда пахш карда мешуданд. Дар танаффусҳои байни баромадҳо бошад, сиёсатмадорон, варзишгарон, коргардонҳо, оҳангсозоне, ки дар кишвраҳои гуногун умр ба сар мебаранд, доир ба роҳу воситаҳои паҳншавии фарҳанги тоҷик дар тамоми олам нақлҳо карданд.

“Барои худи мо чун ба ташкилкунандагони консерт гӯш кардани суханҳо дар бобати тарзи ҳаёти ҳамватанони мо дар ИМА ё кишварҳои Балтика хеле ҷолиб буд. Боиси хурсандист, ки новобаста аз ҳазорҳо километр фосила аз хона ҳамватанони мо бо фарҳанги миллӣ робитаро гум накарда, анъанаҳои тоҷиконаро нигоҳ медоранд. Мо бори дигар нишон додем, ки фосила ба муттаҳидии мо хеҷ таъсире надорад! Соли оянда ҳатман “Tojik On”-и сеюмро бо пахши кӯҳҳои зебоманзари кишварамон доир хоҳем кард. Умедворам, МегаФон Тоҷикистон дафъаи оянда низ ба ҳайси шарики алоқа баромад намуда, консертро бо интернети баландсуръат таъмин мекунад, то сифати тасвири консерт дар сатҳи аъло бошад”, – мегӯяд роҳбари маркази продюсерии “ClickStars” Аслишо АКИМБЕКОВ.  

Дар онлайн-консерти “Tojik On 2.0” сарояндагони ҷавоб ва ҳунармандони маъруфтарини эстрадаи тоҷик: "Фарзин”, “Шамс”, Самир Абдуразоқов, Давлатманд Холов, Афзалшо Шодиев, Даниэл Рустамов, Таҳмина Ниёзова, Кирилл Медников, Farid Hybrid, Фаррух Ҳасанов, Амир Ҳотамов, Манижа Аминова, Ҷамшед Исмоилов, The Daze, гуруҳи Лаъл, Шонемат Ҷаъфархонов, Далер Хонзода, Фахриддин Ҳакимов, Чоршанбе Аловатов, Сафармуҳаммад, Меҳрона Гайбуллоева ширкат намуданд. Ба шарофати иштироки ширкати “МегаФон Тоҷикистон” дар лоиҳаи мазкур садои онҳоро даҳҳо ҳазор тамошобинони нави лоиҳа гӯш карданд. Муштариёни оператор, ки ба тарофаҳои силсилаи “Биё!” пайваст шудаанд, на танҳо консертро ройгон тамошо карданд, балки инчунин имкон пайдо карданд, ки трафики бастаҳои интернетии худро сарф нанамоянд.

“Дар шароитҳои амалкунанда, вақте мо маҷбурем ҳаракатҳои худро маҳдуд намуда, дар хона бимонем, онлайн-пахшҳо ягона воситаи тамошо кардани баромадҳои сарояндагони дӯстдошта маҳсуб меёбанд. Ҳатто зиёда аз ин: мо метавонем наздиктар шавем, метавонем бо ситораҳо суҳбат карда, барои онҳо гуфтаҳо гузошта, тариқи онҳо барои мусиқие, ки дар ин замони мушкил моро дастгирӣ карда муттаҳид менамояд, миннатдорӣ баён кунем. Барои мо хеле гуворост, ки аллакай бори дуюм МегаФон Тоҷикистон дар ҳадякунии хурсандии муошират ва эҳсосоти гарм, ки айни замон мардуми тамоми олам чунон ба онҳо ниёз доранд, кӯмак менамояд.!” – дар ҷамъбаст изҳор дошт Директори иҷроияи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” Анатолий ИЗЮМНИКОВ.

Маълумоти муфассал дар бораи лоиҳа – дар сомонаи www.tojik.online

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.

Ҷалби беш аз $8 млрд сармоя ба Тоҷикистон. Натиҷаҳои ду рӯзи сафари давлатии Эмомалӣ Раҳмон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки ҳоло наздики 6 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар Чин таҳсил мекунанд

КДАМ сабабҳои ихроҷи чанде аз паноҳҷӯёни афғонистониро шарҳ дод

Омори ҷинояте, ки ба паноҳҷӯёни афғонистонӣ марбут аст, интишор шуд.