Тоҷикистон барои баргардонии шаҳрвандонаш бо Сурия вориди гуфтугӯ шуд

Date:

Тоҷикистон барои баргардонии шаҳрвандонаш аз урдугоҳҳои Сурия бо мақомоти ин кишвар вориди гуфтугӯ шудааст. Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо мақомоти Сурия ҳамроҳ бо намояндаи Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар ин бора мулоқот кардааст. 

Бино ба иттилои Вазорати корҳои  хориҷии Тоҷикистон, дар мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх ва Файсал ал-Миқдод, вазири корҳои хориҷӣ ва муҳоҷирини Сурия, Зубайдулло Зубайдзода, “масъалаи баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳи ал-Ҳавлро баррасӣ кардааст”.

Гуфта мешавад,  дар паноҳгоҳи ал-Ҳавл ва ал-Ҳасакаи Сурия бештар аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд, ки ҳамсарону фарзандони ҷангиёни гурӯҳи тундрави ДОИШ мебошанд.

Сафири Тоҷикистон Зубайдулло Зубайдзода гуфтааст, ки дар Димишқ, пойтахти Сурия қарор дорад ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик баргардонида хоҳанд шуд.

Пас аз шикасти “Давлати исломӣ” ҳоло  занону кӯдакони тоҷик дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид дар чанд шаҳри Сурия нигаҳдорӣ мешаванд.

Тоҷикистон  хеле аст талош дорад, ки ин занону кӯдаконро баргардонад. Кишварҳои дигари минтақа, аз ҷумла Узбекистон ва Қазоқистон даҳҳо шаҳрванди худро аз ин кишвар баргардонидаанд.

Бино ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, дар паноҳгоҳи Ал-Ҳавли Сурия 65 ҳазор зану кӯдак нигаҳдорӣ мешавад, ки 10 ҳазор нафарашон хориҷиён ҳастанд. Беш аз 570 нафари онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...