То субҳи рӯзи 7 декабр шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон ба 12 ҳазору 428 нафар расид.
Тавре Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ хабар медиҳад, шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 39 ҳодисаи нави ин беморӣ ошкор шудааст.
Гуфта мешавад, ҳодисаҳои фавт аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашуда, теъдоди фавтидагон аз коронавирус аз оғози пандемия 87 нафар боқӣ монд.
Ба иттилои манбаъ, шумори шифоёфтагон дар ин давра 37 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 11 ҳазору 833 нафар ё худ 95,2%-ро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки ваксина аз коронавируси "Cпутник V"-и истеҳсоли Русия имрӯз ба Ӯзбекистон оварда мешавад. Дар Қазоқистон аз 22 декбар истеҳсоли ваксинаи «Спутник V» оғоз мегардад. Дар шаҳри Маскав бошад, имрӯз ваксиназанӣ шурӯъ мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


