Раиси ҲСДТ: Ҳизб барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев адвокати касбӣ киро мекунад

Раиси Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) изҳор дошт, ки то ҳол дақиқ намедонад, ки барои кадом амалҳои ғайриқонунӣ рӯзи шанбе муовинашро боздошт кардаанд. Раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” гуфт, ӯ имрӯз як гурӯҳ аз фаъолони ҳизбро барои муайян кардани сабабҳои боздошти муовинаш Маҳмурод Одинаев ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон мефиристад. Ба гуфтаи Зойиров, ӯ […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Ҳизби сосиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) изҳор дошт, ки то ҳол дақиқ намедонад, ки барои кадом амалҳои ғайриқонунӣ рӯзи шанбе муовинашро боздошт кардаанд.

Раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” гуфт, ӯ имрӯз як гурӯҳ аз фаъолони ҳизбро барои муайян кардани сабабҳои боздошти муовинаш Маҳмурод Одинаев ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон мефиристад.

Ба гуфтаи Зойиров, ӯ рӯзи 4 декабр, як рӯз пеш аз боздошт бо Маҳмурод Одинаев гуфттугӯ кардааст.

“Он замон гуфт, ки ӯро барои дигарандешӣ таъқиб мекунанд ва вақте кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои боздошт ба хонааш меоянд, маҷбур шудааст, ки гурезад”, – қайд кард Зойиров.

Раиси ҲСДТ таъкид дошт, ки барои ҳимояи Маҳмурод Одинаев ҳизб дар фурсати назди адвокати касбӣ киро мекунад.

Қаблан Раҳматилло Зойиров зимни як нишасти матбуотии вижа ба расонаҳо хабар дода буд, ки Маҳмурод Одинаев ҳангоми фирор аз як амалиёти маъмурони интизомӣ пойлуч будааст, ки зимни гурехтан пойҳояшро хунук задааст ва ҳоло машғули табобат аст.

Баъдан Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар дод, ки рӯзи 5 декабр дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ сокини 58-солаи шаҳри Ҳисор Маҳмурод Одинаев дар қаламрави ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.