Маҳмурод Одинаев аз худ хабар дод, аммо пинҳон аст

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба иддаои наздиконаш, ки чанд рӯз бедарак буд, аз худ хабар дод, ки зинда аст. Дар ин бора Раҳматилли Зоиров раиси ҲСДТ зимни як нишасти матбуотии вижа ба расонаҳо хабар дод.  Ба гуфтаи раҳбарри ин ҳизб ӯ ҳангоми фирор аз як амалиёти маъмурони интизомӣ пойлуч будааст, ки зимни […]

Asia-Plus

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ба иддаои наздиконаш, ки чанд рӯз бедарак буд, аз худ хабар дод, ки зинда аст.

Дар ин бора Раҳматилли Зоиров раиси ҲСДТ зимни як нишасти матбуотии вижа ба расонаҳо хабар дод.  Ба гуфтаи раҳбарри ин ҳизб ӯ ҳангоми фирор аз як амалиёти маъмурони интизомӣ пойлуч будааст, ки зимни гурехтан пойҳояшро хунук задааст ва ҳоло машғули табобат аст. Аммо Зоиров маҳалли буду боши муовинашро ошкор накард ва ҳамчунин гуфт, ки ба далоили амниятӣ Одинаев дар ин нишаст ширкат накард.

Раҳматилло Зоиров, ба рӯзноманигорон гуфт, ки дирӯз 3 декабр ман бо Маҳмурод Одинаев мулоқот доштам, ӯро ба нишасти матбуотӣ даъват кардам, вале ӯ рад кард.  

Мақомоти интизомии Тоҷикистон, аз ҷумла ВКД ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки “доир ба бедаракшавии Маҳмурод Одинаев хабаре надорем, вале барои писараш парванда боз шуд”.

Ба қавли Зоиров “маҳалли зисти Маҳмурод Одинаевро мақомот худрасона бегоҳӣ ба иҳота мегиранд, ӯ аз дуюм ошиёна парида бе пояфзол аз манзил фирор мекунад. Ӯ зимни фирор ҳарду пояшро хуншор мекунад  ва пойҳояшро хунук мезанад. Маҳмурод Одинаев ҳоло дар як ҷой табобат дорад ва як муддат пинҳон мебошад,  чунки бовар надорад. Ӯ метарсад, ки феълан аз ҷои худ хабар диҳад, ӯро боздошт мекунанд”.

Аммо дафтари матбуоти ВКД рӯзи 24-уми ноябр ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар мавриди нопайдо шудани Маҳмурод Одинаев хабар надоранд ва наздикони ӯ низ ба ВКД барои пайдо намуданаш аризае пешниҳод накардаанд.

Аммо Зоиров гуфт, ки муоивнаш “наметавонад, пинҳон монад ва бояд табобати худро давом диҳад. Ба Маҳмурод Одинаев лозим аст, ки таслим шавад ва дар куҷо буданашро хабар диҳад”.

ВКД ҳафтаи гузашта аз боз шудани парвандаи ҷиноӣ дар баробари писари ӯ Шайхмуслиҳиддин Ризоев бо моддаи 237 (авбошӣ) қ.2 банди б-и КҶ ҶТ хабар дода буд. ВКД иттилоъ дода буд, ки “тафтишот ошкор кардааст, ки ҳодисаи латукӯби писари Маҳмурод Одинаев ба фаъолияти сиёсии ӯ умуман рабт надорад”.

Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ, ки ягона ҳизби мухолиф дар Тоҷикистон дониста мешавад чанд рӯз пеш ҳодисаи лату кӯби писарашро ба фаъолиятҳои сиёсии худаш рабт дода буд. Аммо ВКД “паҳн кардани овозаҳо дар шабакаҳои интернетӣ вобаста ба лату кӯбӣ писараш Ризоев Шайхмуслиҳиддин ва тобиши сиёсӣ додани ин ҳодиса”-ро беасос хонд.

Маҳмурод Одинаев пештар ба ҳимоят аз ҳуқуқи зиндониён машғул буд ва чанд соли ахир ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ фаъолият дорад. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.