Соли 2021 корхонаҳои Тоҷикистон барои пардохти қарзи хориҷии кишвар $40 млн медиҳанд

Субъектҳои хоҷагидорӣ имсол барои пардохти қарзи хориҷӣ бояд ба ҳукумати кишвар зиёда аз 442,2 млн сомонӣ (ҳудуди 40 млн доллар) диҳанд. Чунин банд дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дарҷ ёфтааст. Ин маблағҳо аз уҳдадориҳои молиявии корхонаҳо аз рӯйи созишномаҳои фаръии қарзӣ барои соли 2021 бе назардошти қарзи солҳои пешин иборат аст. Тариқи имзои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Субъектҳои хоҷагидорӣ имсол барои пардохти қарзи хориҷӣ бояд ба ҳукумати кишвар зиёда аз 442,2 млн сомонӣ (ҳудуди 40 млн доллар) диҳанд. Чунин банд дар Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 дарҷ ёфтааст.

Ин маблағҳо аз уҳдадориҳои молиявии корхонаҳо аз рӯйи созишномаҳои фаръии қарзӣ барои соли 2021 бе назардошти қарзи солҳои пешин иборат аст.

Тариқи имзои созишномаи фаръии қарзӣ ҳукумат барои маблағгузории ин ё он эҳтиёҷоти субъектҳои хоҷагидорӣ қарзи хориҷӣ ҷалб намуда, онро худи субъектҳо пардохт мекунанд. Ҳукумат дар ин маврид ба сифати қарзгир ё кафил иштирок мекунад.

Дар рӯйхат 6 субъектҳои хоҷагидории қарздор зикр шудаанд:

– ШСХК «Барқи тоҷик» – зиёда аз 398,2 млн сомонӣ;

– КВД «Обу корези Душанбе» – ҳудуди 6,2 млн сомонӣ;

–  КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» – 19,6 млн сомонӣ;

– ҶСК «Тоҷиктрансгаз» – зиёда аз 3,2 млн сомонӣ;

– ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» – беш аз 9,9 млн сомонӣ;

– ҶСК «Помир Энержи» – зиёда аз 4,9 млн сомонӣ.

Ҳамаи ин корхонаҳо ба ҷуз ширкати “Помир Энержи”, аз ҷониби ҳукумат идора карда мешаванд.

Қарздиҳандагони асосӣ аз рӯйи созишномаҳои фаръии қарзӣ Бонки осиёии рушд, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки исломии рушд мебошанд.

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки барои пардохти қарзи асосии беруна (бе назардошти фоизҳо) дар маҷмӯъ наздики 1,5 млрд сомонӣ равона кунад. Дар баробари корхонаҳои дар боло зикршуда ин маблағҳо аз буҷети ҷумҳуриявӣ низ ҷудо карда мешаванд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати молия, ҳаҷми умумии қарзи хориҷии ҷумҳурӣ то 1 октябри соли ҷорӣ 3 млрд 163 млн долларро ташкил медиҳад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.