Парлумон гирифтани кумакро аз Ҷопон барои муқовимат бо COVID-19 маъқул донист

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ёддошт байни Душанбе ва Токиоро тибқи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ ба имзо расида буд, якдилона маъқул донист. Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ғафур Муҳсинзода ба вакилон хабар дод, ки барои татбиқи лоиҳа ҳукумати Ҷопон ба ҳукумати Тоҷикистон 600 млн йен (ҳудуди […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз ёддошт байни Душанбе ва Токиоро тибқи Барномаи рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, ки моҳи июни соли ҷорӣ ба имзо расида буд, якдилона маъқул донист.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Ғафур Муҳсинзода ба вакилон хабар дод, ки барои татбиқи лоиҳа ҳукумати Ҷопон ба ҳукумати Тоҷикистон 600 млн йен (ҳудуди 57 млн сомонӣ) грант ҷудо мекунад.

Ин ба муассисаҳои тиббӣ ҷиҳати саривақт дастрас намудани таҷҳизоти муосири тиббӣ барои ташхис ва муолиҷаи беморони сироятёфта аз коронавирус имконоти бештар фароҳам меорад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар, змикр шудааст, ки қисми зиёди таҷҳизот ва ташхисгоҳҳо аз замони шуравӣ то имрӯз мавриди истифода қарор дошта, бо тағйир ёфтани стандартҳои ҷаҳонӣ, пайдо шудани усулҳои нави ташхис ва табобат хизматрасонӣ ва ёрии тиббӣ тақозои татбиқи маҷмӯиро талаб менамояд.

Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод, ин кумаки ҷониби Ҷопон дар посух ба дархости ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мешавад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 1996 Ҷопон ба Тоҷикистон дар самти ҳамкории иқтисодӣ дар ҳаҷми 35,2 млрд йен (ҳудуди 330 млн доллар) грант додааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.