Шаҳрдории Душанбе лоиҳаи боғи ҳайвоноти навро нишон дод

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, лоиҳаи нави Боғи ҳайвоноти пойтахт барои зиндагии 1500 навъи ҳайвоноту парранда ва хазандагон таҳия шудааст. Боғро дар канори Душанбе месозанд, лекин кай оғоз шудани бунёди он ҳоло маълум нест. Бо такя ба навори видеои лоиҳа, ки дар саҳифаи Раёсати меъмории Душанбе гузошта шудааст, боғи нав дар роҳ ба […]

Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, лоиҳаи нави Боғи ҳайвоноти пойтахт барои зиндагии 1500 навъи ҳайвоноту парранда ва хазандагон таҳия шудааст. Боғро дар канори Душанбе месозанд, лекин кай оғоз шудани бунёди он ҳоло маълум нест.

Бо такя ба навори видеои лоиҳа, ки дар саҳифаи Раёсати меъмории Душанбе гузошта шудааст, боғи нав дар роҳ ба самти Варзоб баъди Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, каме дуртар аз собиқ Кӯли ҷавонон ҷойгир мешавад.

Лоиҳаи боғи нав бо ҷалби мутахассисони байнулмилалии соҳавӣ таҳия гардид, қайд мешавад дар маълумоти ба навори видео замимашуда.

Майдони умумии боғи ҳайвонот 13 гектарро дар бар гирифта, дар он 1500 сар ҳайвоноту паранда ва хазандаҳо ҷойгир карда мешаванд. Лоиҳа бо назардошти талаботи муосири нигоҳубини ҳайвонот омода гардидааст.

Тибқи лоиҳаи ангоравӣ, биноҳои маъмуриву хоҷагидорӣ дар майдони 0,40 га, макони нигаҳдории ҳайвоноти Тоҷикистон – 0,85 га, макони нигаҳдории ҳайвоноти минтақаҳои Тоҷикистон – 0,46 га, ҳайвоноти австралиягӣ – 0,70 га, ҳайвоноти амрикоӣ – 0,84 га, ҳайвоноти осиёӣ – 0,61 га ва ҳайвоноти африқоӣ – дар майдони 0,90 га сохта мешаванд.

Дар майдони 0,53 га обанбор сохта мешавад. Минтақаҳо мувофиқ ба шароити иқлими наздик ба табиӣ барои ҳайвонот муҷаҳҳаз мегарданд.

Мо хостем, ки кай оғоз гардидани сохтмони боғи нави ҳайвонотро дар шаҳрдории пойтахт мушаххасан маълум кунем, вале то замони нашри мавод ин кор бароямон муяссар нашуд.

Аввали соли 2020 шаҳрдории пойтахт дар бораи ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот қарор қабул кард. Аз вариантҳои сершумор канори шимолии Душанбе наздикии соҳили дарёи Варзоб, ҷойи ду кӯли ҳозира интихоб шуд.

Баъди 6 моҳ изҳор шуд, ки сохтмони боғи ҳайвоноти нав дар шаҳри Душанбе бинобар сабаби ба Тоҷикистон омада натавонистани мутахассисони хориҷӣ ба Тоҷикистон бар асари пандемияи коронавирус оғоз нагардид.

Соли 2018 дар шаҳрдории Душанбе ба рӯзноманигорон иттилоъ доданд, ки боғи ҳайвоноти пойтахт ба наздикӣ ба "Корвон” кӯчонида мешавад.

Боғи ҳайвоноти Душанбе 60 сол пеш ба фаъолият оғоз намуда, то ҳол дар маркази шаҳр, наздикии пайвастшавии дарёҳои Варзоб ва Лучоб, дар масофаи камтар аз як километр аз маҷмааи биноҳои ҳукумат қарор дорад.

Фаъолону коршиносон изҳор мекунанд, ки вазъи он, аз ҷумла шароити нигаҳдории ҳайвонот, ба талаботи муосир ҷавобгӯ нест. Зарурати ба ҷойи дигар кӯчонидани боғи ҳайвонот 8 сол бе натиҷа мавриди баррасӣ қарор дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.