Пас аз 30 соли танаффус Комбинати орди Душанбе ба кор даромад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маросими ба истифода додани ҶДММ «Комбинати орди Душанбе» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт иштирок карданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, комбинат зиёда аз 30 соли охир бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият бозмонда, […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ имрӯз дар маросими ба истифода додани ҶДММ «Комбинати орди Душанбе» дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт иштирок карданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, комбинат зиёда аз 30 соли охир бо сабаби кӯҳнаву фарсуда шудани хатҳои истеҳсолӣ аз фаъолият бозмонда, акнун бо истифода аз масолеҳи сохтмонии аълосифат ва ҷалби сохтмончиёни маҳаллӣ бо тарҳи муосиру замонавӣ таъмир гардид.

Гуфта мешавад, масоҳати умумии “Комбинати орди Душанбе” 4 гектарро дар бар гирифта, бо харҷи беш аз 50 млн сомонӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ пурра таҷдиду навсозӣ шуд.

“Сохтмон, таҷдид ва навсозии биноҳои мавҷуда имкон дод, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат аз ширкатҳои бонуфузи Аврупо ва “КОФКО Инжинеринг ва Менеҷмент”-и Чин хатҳои истеҳсолии нав харидорӣ ва васлу насб карда шавад”, – қайд мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки акнун комбинат ба коркарди 400 тонна гандум дар як шабонарӯз ва истеҳсоли 10 навъи орд имкон дошта, дар он ҳамчунин истеҳсоли сабӯс, маснуоти макаронӣ, нонӣ ва қаннодӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар маросим иттилоъ дода шуд, ки рӯзҳои наздик дар шаҳри Душанбе мағозаҳои фирмавии “Комбинати орди Душанбе” ба фаъолият оғоз мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.