Сохтмони 10 қароргоҳи нав дар Душанбе барои қабули сарони кишварҳои узви СҲШ

Сохтмони 10 қароргоҳи нав дар пойтахт барои қабули меҳмонони воломақом – сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар мавзеи қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар дар хиёбони Рӯдакӣ, тибқи нақшаи ҳукумат бояд то моҳи августи соли 2021 ба анҷом расад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Дар ин робита […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сохтмони 10 қароргоҳи нав дар пойтахт барои қабули меҳмонони воломақом – сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар мавзеи қароргоҳи ҳукумати Тоҷикистон, воқеъ дар дар хиёбони Рӯдакӣ, тибқи нақшаи ҳукумат бояд то моҳи августи соли 2021 ба анҷом расад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ин робита ҳукумати Тоҷикистон аз парлумон дархост намуд, ки як қатор номгӯи молу маҳсулот ва масолеҳи сохтмон, ки барои сохтмони иншооти мазкур ба кишвар ворид мешаванд, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) ва боҷи гумрукӣ озод карда шаванд.

Номгӯй ва шумори молу маҳсулот ва масолеҳи сохтмон, ки аз пардохти ААИ ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, аз ҷониби ҳукумати Тоҷикитсон муқаррар карда мешаванд.

Соли 2020 Раёсат дар СҲШ ба уҳдаи Русия вогузор шуда буд. Соли 2021 Раёсат дар Созмон ба Тоҷикистон мегузарад.

Нишасти ҷашнии Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 16-17 сентябри соли 2021 дар Душанбе доир мегардад. Аз замони таъсисёбии СҲШ 20 сол пур мешавад.

Ба СҲШ Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Ҳиндустон ва Покистон шомил мебошанд.

Афғонистону Беларус, Эрону Муғулистон ба сифати кишварҳои нозир ва Озарбойҷону Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка – ба сифати давлатҳои шарики Созмон пазируфта шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.