Гумонбарии сокини Вахш ба ташкили қиморхона дар деҳааш

Date:

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона (казино) дар хонаи худ сокини 40-солаи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахшро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ хонаи истиқоматиашро ба қиморхона табдил дода, 4 нафар мардони ҳамдеҳаашро ба хонааш даъват ва ба онҳо барои бозӣ кардани қимор шароит муҳайё намудааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 240 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 8 сол бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Соли 2000-ум дар Душанбе фаъолияти ду қиморхонаи бештар маъруф – “Сомониён” ва “Ҷоми Ҷамшед” қатъ карда шуд. Бо фармони президент ҳамин сол фаъолияти қиморхонаҳо дар саросари кишвар боздошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...