Гумонбарии сокини Вахш ба ташкили қиморхона дар деҳааш

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона (казино) дар хонаи худ сокини 40-солаи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахшро боздошт намуданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ хонаи истиқоматиашро ба қиморхона табдил дода, 4 нафар мардони ҳамдеҳаашро ба хонааш даъват ва ба онҳо барои бозӣ кардани қимор […]

Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар ташкил ё нигаҳдошти ғайриқонунии қиморхона (казино) дар хонаи худ сокини 40-солаи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахшро боздошт намуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ӯ хонаи истиқоматиашро ба қиморхона табдил дода, 4 нафар мардони ҳамдеҳаашро ба хонааш даъват ва ба онҳо барои бозӣ кардани қимор шароит муҳайё намудааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаи 240 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Ташкил  ё нигоҳдории қиморхона (казино), мизу автоматҳои бозӣ бо бурди пулӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 6 то 8 сол бо мусодираи молу мулк таҳдид мекунад.

Соли 2000-ум дар Душанбе фаъолияти ду қиморхонаи бештар маъруф – “Сомониён” ва “Ҷоми Ҷамшед” қатъ карда шуд. Бо фармони президент ҳамин сол фаъолияти қиморхонаҳо дар саросари кишвар боздошта шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.