Абдуллоҳ Абдуллоҳ: “ин сафари ман бо даъвати расмии Тоҷикистон аст”

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии Мусолиҳаи миллии Афғонистон бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз фурудгоҳи Душанбе ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо ҳамроҳонаш вориди Душанбе шуданд. Абдуллоҳ Абдуллоҳ як соат қабл аз сафараш ба Душанбе дар саҳфаи фейсбукаш навишт, ки ин сафараш бо даъвати расмии Ҷумҳурии […]

Asia-Plus

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои олии Мусолиҳаи миллии Афғонистон бо як сафари расмӣ вориди Душанбе шуд. Як намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз фурудгоҳи Душанбе ба "Азия-Плюс" хабар дод, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо ҳамроҳонаш вориди Душанбе шуданд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ як соат қабл аз сафараш ба Душанбе дар саҳфаи фейсбукаш навишт, ки ин сафараш бо даъвати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. "Ба силсилаи сафарҳои минтақаӣ барои ҷалби ҳимоят аз талошҳои сулҳ, ба даъвати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раъси ҳайати олирутбаи Ҷумҳурии исломии Афғонистон озими Душанбе шудам".

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, қарор аст Абдуллоҳ Абдуллоҳ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарвазир Қоҳир Расулзода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Маҳмадтоир Зокирзода ва вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтугӯ кунад.

Ҳадафи сафари Абдуллоҳ Абдуллоҳ густариши равобити Афғонистону Тоҷикистон унвон мешавад, аммо тавре худи ӯ ҳам қабл аз сафар ишора кардааст, сафарҳои минтақаии раиси Шӯрои олии Мусолиҳаи миллии Афғонистон барои ҷалби ҳимояти кишварҳои ҳамсоя ва минтақа аз музокироти сулҳи Афғонистон анҷом мешаванд.

Тоҷикистон борҳо эълон кардааст, ки аз сулҳе, ки ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии исломии Афғонистон созгор аст, ҳимоят мекунад. 

Бояд гуфт, ки пас аз ба имзо расидани созишномаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва гуруҳи "Толибон" бар сари сулҳ дар Афғонистон дар Давҳаи Қатар, дар ин кишвар музокирот миёни ҳайати расмии давлати Афғонистон ва гуруҳи "Толибон" ҷараён дорад.

Марҳилаи аввали семоҳаи музокироти ҳайати расмии давлати Афғонистон ва гуруҳи "Толибон"  дар Давҳаи Қатар аввали ҳамин ҳафта ба охир расид, ки тими музокиракунандаи Афғонистон ба Кобул баргашт. Қарор аст баъд аз як муддати танаффус ин музокирот дубора ҷараён бигирад. 

То кунун дар натиҷаи ин музокирот тавофуқе бар сари овардани сулҳ дар ин кишвар сурат нагирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.