Амрико ду консулии дигарашро ҳам дар Русия мебандад

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тасмимаш дар бораи бастани ду консулгарияш дар Русия хабар дод. Дар назар аст, ки ин консулгариҳо дар ду шаҳри бузурги Русия – Екатеринбург ва Владивосток баста шаванд.  Вазорати хориҷаи ИМА ҳам рӯзи 19-уми январ таъйид кард, ки ин консулигариҳоро дар ин ду шаҳр мебандад. Агар ин ду консулгарии ИМА ҳам дар […]

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз тасмимаш дар бораи бастани ду консулгарияш дар Русия хабар дод. Дар назар аст, ки ин консулгариҳо дар ду шаҳри бузурги Русия – Екатеринбург ва Владивосток баста шаванд. 

Вазорати хориҷаи ИМА ҳам рӯзи 19-уми январ таъйид кард, ки ин консулигариҳоро дар ин ду шаҳр мебандад. Агар ин ду консулгарии ИМА ҳам дар Русия баста шаванд, охирин консулгариҳое хоҳанд буд, ки шаҳрвандони Русия барои дарёфти раводид ва дигар расмиёти сафар ба ИМА ба инҳо муроҷиат мекарданд. 

Расонаҳои русӣ хабар медиҳанд, ки Майк Помпео, вазири умури хориҷии ИМА бо сафири кишвараш дар Русия  Ҷон Суливан, рӯйи ин мавзуъ суҳбат кардааст ва гуфтааст, ки "ба хотири тадбирҳои амниятӣ бастани консулгариҳоро дар нақша гирифтаанд".

Баҳси бастани консулгариҳо соли 2017 пас аз қазияи марбут ба Скрипалҳо сар зада буд. ИМА бо эътироз ба заҳролуд кардани Сергей Скрипал, ҷосуси рус, ки дар Бритониё паноҳ бурда буд, консулгарии Русия дар шаҳри Сиэттлро баст. Русия дар посух ба ин консулгарии ИМА дар Санкт-Петербургро баст ва сафари дипломатҳои амрикоиро мушкил кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.