Ронанда хонандаи мактаби пойтахтро пахш карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб зад

Сокини 23-солаи пойтахт Мубин Ҳасанов, ронандаи автомашинаи «Тойота-Кемри» ба гумони даст доштан дар пахш намудани пиёдагард боздошт шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он як нафарро пахш кардани автомашина дар роҳгузар ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задани ронанда дида мешавад. Гуфта мешавад, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини 23-солаи пойтахт Мубин Ҳасанов, ронандаи автомашинаи «Тойота-Кемри» ба гумони даст доштан дар пахш намудани пиёдагард боздошт шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе нашр шуд, ки дар он як нафарро пахш кардани автомашина дар роҳгузар ва аз ҷойи ҳодиса ғайб задани ронанда дида мешавад.

Гуфта мешавад, дар навори видео рақамҳои автомашина 2001ОQ 01 дида мешаванд, ки тариқи он кормандони милитсия соҳиби автомашина ва шахсияти гумонбарро муайян кардаанд, ҳарчанд пас аз ин ҳодиса ронанда рақамҳои автомашинаро ба 0327 АВ 01 иваз кардааст.

Ҳодиса рӯзи 10 декабр дар яке аз кӯчаҳои пойтахт рух дода, автомашинаи «Тойота-Кемри» зимни бозистодан ба амри ранги сурхи чароғаки роҳнамо ва баъди сабз шудани ранги чароғак ба таври шитобкорона ва якбора бо суръати баланд автомашинаро ба ҳаракат даровардааст, ки дар натиҷа пиёдагарди ноболиғро зада аз пой афтондааст.

Ҷабрдида хонадаи синфи 8-уми яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии пойтахт буда, хушбахтона, осеби ҷиддӣ надидааст.

Пас аз ин ҳодиса ронада аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, худи ҳамон рӯз расман рақамҳои автомашинаро иваз ва  автомашинаи худро ба ноҳияи Муъминобод бурда пинҳон кардааст.

Зикр мегардад, ки айни ҳол нисбати шаҳрванд Мубин Ҳасанов тибқи талаботи моддаҳои 334 ва 333 қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.