Русия аз 1 январ роҳро барои содироти сабзавоту меваи Тоҷикистон боз мекунад

Аз аввали соли 2021 содиркунандагони сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба Русия, ки борашонро тариқи роҳи оҳан интиқол медиҳанд, барои боркашонӣ аз тахфифҳо (поинравии нарх) истифода хоҳанд бурд. Ширкати «Российские железные дороги» (РЖД) 21 декабр дар сомонаи расмии худ қарор дар бораи поинравии тарифҳо ба боркашониро нашр кард. Онҳо ба кашонидани молу маҳсулот, аз қабили фулузот […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Аз аввали соли 2021 содиркунандагони сабзавоту мева аз Тоҷикистон ба Русия, ки борашонро тариқи роҳи оҳан интиқол медиҳанд, барои боркашонӣ аз тахфифҳо (поинравии нарх) истифода хоҳанд бурд.

Ширкати «Российские железные дороги» (РЖД) 21 декабр дар сомонаи расмии худ қарор дар бораи поинравии тарифҳо ба боркашониро нашр кард. Онҳо ба кашонидани молу маҳсулот, аз қабили фулузот (металлҳо)-и сиёҳ, контейнер, конрейлер ва сабзавоту мева дахл доранд.

Аз ҷумла, аз 1 январ то 31 декабри соли 2021 тахфифҳо ба андозаи 50% ба боркашонии воридоти сабзавоту мева аз Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба Русия дар қатораҳои мансуб ба ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» ва КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» амал мекунанд.

Коэффисиенти поинмерафта бо шарти озод кардани РЖД аз пардохт барои истифода аз қатораҳои мансуб ба ин давлатҳо, ки дар боркашонӣ истифода мешаванд, амал мекунад.

Қобили зикр аст, ки соли 2018 низ РЖД барои интиқоли сабзавоту мева аз Тоҷикистону Ӯзбекистон чунин тахфифи 50%-и ҷорӣ карда буд.

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, дар зарфи 10 моҳи соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба маблағи беш аз 17 млн доллар зиёда аз 120 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағаш 5,5 млн доллар зиёдтар аст.

Ҳиссаи назаррасро дар таркиби содироти сабзавоту мева аз Тоҷикистон пиёз, хушкмева ва ангур ташкил медиҳанд. Ин маҳсулот дар бозорҳои Русия, Қазоқистон, Чин ва кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба фурӯӯш гузошта мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.